Бахшҳо
18 дек 2013 13:10Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Хешутаборчигӣ (непотизм) дар ҳукумати Тоҷикистон. Овоза ё воқеият?

Ҳумайрои БАХТИЁР

Ҳарчанд мухолифину коршиносон ва расонаҳо аз маҳалгароӣ ва хешутаборчигӣ (непотизм) дар ҳукумати Тоҷикистон зиёд гуфтаву навиштаанд, аммо ин бор низ Эмомалӣ Раҳмон натавонист, афроди наздики худро аз канораш биронад.

Дар ҳукумати наве, ки баъд аз адои савганди оқои Раҳмон ташкил шуд ва тағйироти кадрие, ки дар ниҳодҳои давлатӣ сурат гирифт, ба гуфтаи коршиносон, як гурӯҳи дигари наздикони президент роҳ ёфта, соҳиби мансабҳои калидӣ гардидаанд. Ин ҷо бештар аз Рустами Эмомалӣ, ки ба курсии раиси Хадамоти гумрук такя зад, ёдоварӣ мешавад.

Рустами Эмомалӣ танҳо фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон нест, ки соҳиби мақоми баланди давлатист. Дар баробари ӯ, Озода Раҳмонова низ мақоми расмӣ дорад ва муовини вазири умури хориҷист. Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмон, низ ба ҳайси муовини вазири молияи Тоҷикистон кор мекунад. Давлаталӣ Саидов – муовини аввали нахуствазир, Бег Зуҳуров -- раиси Хадамоти алоқа, Амонулло Ҳукуматулло -- раиси Роҳи оҳан, Шералӣ Мирзо -- вазири дифоъ ва Бобоҷон Ҷамолзода -- фармондеҳи Горди миллӣ низ аз хешутаборони наздики Эмомалӣ Раҳмон дониста мешаванд.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, зиёд шудани наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумат ва вазифаҳои баланди давлатӣ ба ин маъност, ки “ҳукумат худро вобастаи мардум намедонад”. Ба таъкиди онҳо, ҳоло аксари тиҷоратҳои бузург низ ба аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Ин ҷо бештар аз Таҳмина Раҳмонова, духтар ва Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисиҷумҳур ном бурда мешавад. Иттилое, ки расман аз тарафи мақомот тасдиқ нашудааст.

Хешутаборчигӣ (непотизм) дар ҳукумати Тоҷикистон. Овоза ё воқеият?Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори тоҷик, афзоиши наздикони раисҷумҳур дар ҳукумат ва мақомҳои баланди расмиро ба манфиат намедонад. Вай мегӯяд, аксари онҳо на бо ҳадафи рушди бахши бар ӯҳда доштаашон, балки бештар барои ҷамъи сармоя кор мекунанд. “Вақте як ҳукумат аз тарафи мардум интихоб намешаваду аз овози мардум вобаста нест, он ҳукумат дар андешаи беҳтар кардани вазъи зисти мардумаш нахоҳад шуд”,-таъкид кард мусоҳиби мо. Абдуқаюми Қаюмзод мегӯяд, чунин тарзи кор хоси низом ё режимҳои худкома аст, ки бештар ба кадрҳои “худӣ” такя мешавад. “Ин навбат хешутабор ва наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳукумат зиёдтар шуданд. Яъне, ҳукумати Тоҷикистон назари мухолифину коршиносон, умуман ҷомеаро, ба эътибор нагирифт. Ин як ҳавобаландӣ, нописандии ҳукумат ва эътимоди зиёд ба нерӯи худ аст. Ин аст нишонаи ҳукумати худкома ва авторитарӣ”,-афзуд Қаюмзод.

Ин дар ҳолест, ки ба бовари Меъроҷиддин Ҳакимов, вакили Маҷлиси Намояндагон, ин ҳама сару садо атрофи ҷамъ шудани хешутабор ва афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумати Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад. Ба қавли ин вакили парлумон, дар 43 фармони президент, ки аз тарафи Маҷлиси Олӣ тасдиқ шуд, ҳеч кадоме аз он мансабдорон хешутабори Эмомалӣ Раҳмон набуданд.

Меъроҷиддин Ҳакимов мегӯяд, дар интихоби кадрҳо дар Тоҷикистон авлавият ба таҷрибаи корӣ дода мешавад, на маҳаллу хешу табор: “Ин ҳама гапҳои кӯча ҳастанд. Ин сару садо аз сатҳу саводи эрод мегирифтаҳо гувоҳӣ медиҳад. Фарз кардем, як нафар мутахассиси хуб ҳаст, аммо робитаи хешутабрӣ бо президент дорад. Баъд чӣ? Аз ин гуна кадрҳо бояд истифода кард. Ба чунин шахсиятҳо бояд аз нуктаи назари фаъолият баҳо дод, на хешутаборӣ. Ин усул дар тамоми ҷаҳон таҷриба мешавад, на танҳо дар Тоҷикистон.”

Хешутаборчигӣ (непотизм) дар ҳукумати Тоҷикистон. Овоза ё воқеият?Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ба вазифаҳои калидӣ таъин кардани наздикони президент дар кишварҳои Осиёи Марказӣ анъана шудааст. Муллоҷонов мегӯяд, “бо чунин тасмимгириҳо ҳукумат исбот мекунад, ки чӣ мехоҳад. Агар ҳукумат дар андешаи рушди иқтисодиёт ва давлат бошад, пас, ба ин амал даст намезанад. Вале агар ин ҳукумат хоҳад, ки Тоҷикистон воқеан як кишвари ақибмонда бошад, таъини наздикон ба вазифаҳои калидӣ барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат мекунад.”

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то ҳоло зимоми қудратро дар даст дорад ва бар асоси пирӯзияш дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ метавонад, ҳафт соли дигар ҳукумат биронад. Вай ҳоло 62-сола аст ва соҳиби 9 фарзанд – ду писар ва ҳафт духтар – мебошад. Оқои Раҳмон дар маросими адои савгандаш, ки 16 ноябри соли 2013 дар Кохи Сомон баргузор шуд, гуфт, барои рушди кишвар тамоми талошашро мекунад ва ҳатто омода аст, ҷони худро фидои ин Ватан кунад.
Мӯҳр
Халк
Рахмон хеч гох ва дар хеч сурат чонашро фидои миллат нахохад кард. Агар у инро мехост мусоидат менамуд, ки дар тч-он интихоботи през. дeмократи баргузор гардад.

Меъроҷиддин Ҳакимов мегӯяд, дар интихоби кадрҳо дар Тоҷикистон авлавият ба таҷрибаи корӣ дода мешавад, на маҳаллу хешу табор: “Ин ҳама гапҳои кӯча ҳастанд. Ин сару садо аз сатҳу саводи эрод мегирифтаҳо гувоҳӣ медиҳад. Фарз кардем, як нафар мутахассиси хуб ҳаст, аммо робитаи хешутабрӣ бо президент дорад. Баъд чӣ? Аз ин гуна кадрҳо бояд истифода кард. Ба чунин шахсиятҳо бояд аз нуктаи назари фаъолият баҳо дод, на хешутаборӣ. Ин усул дар тамоми ҷаҳон таҷриба мешавад, на танҳо дар Тоҷикистон.”
Агар соводи онхо баланд бошад онхоро як имтихон кардан. Наход дигар шахси босавод дар ТЧ ёфт нашавад, ки чонишинон ва баъзе аз вузарою кубаро аз хешовандони президент интихоб мешаванд.
Шояд дар оянда хатто чорубкашро президент таъйн намояд. Хеч хукуки интихоб намудан намонда аст. Дар бораи се шохаи давлат хамеша харф мезананду лекин хамаро як нафар ба анчом расонида истодааст. Оё президент аз сарнавишити хамтои киризаш Бокиев тамоман бехабар аст?
Агар хохад ки дубора номаш ба неки дар оянда ёдовари шавад аз имруз сар карда аквомашро аз сохторхои давлати бояд дур намояд.

Аз гапхои вакил Хакимуф шарми кас меояд. Мардум бист сол боз бе барк аст. Чи магар факат хешу тарбори президент кадрхои лаёкатноканд?

Парвиз
акаи Меҳроҷиддин номаъқул кардӣ, бо ин гапҳоят, камтар шарм дор, инсоф ҳам хуб чиз аст, дар рузи равшан дуруг мегуи!!!!

Барзу
ин мардаки вакил ба хотири мансабу имтиёзаш ва химояи дорогии касе, ки тамоми Тоҷикистон бохабаранд, дидаву дониста дуруғ мгуяд.

бетараф
Бародарон менталитети шарки хамин аст. Ба атроф нигаред хатто дар корхонахои шахси вазифахои калиди ба дасти хешу таборони сохиби корхона хастанд. Сулолаи Сомониенро хонед. Тамоми вилоятхо байни бародарон таксим шуда буд. Бехуда хайкали Сомониро дар маркази пойтахт бо оби тилло насохтаанд. Мову шумо оли Сомонем ва бояд фахр кунем.

чабраил
хуб гуфтед, кадом рохбареро,ки пушт надорад, чавону болаёкат бошад, хам дастгори намекунанд. Бесаводи хешу табори Ш Салимзода дар чои калиди хукм меронад. Хозир Шумо фарзанди раиси чумхурро мегуед, як ба атроф назар созед, фарзанд ё хешутабори раиси нохия ё муовинхояш чи хел хукмрони доранд

Мухтор
Бародар Абдукаюми Каюмзод хакикати холро гуфтаанд. Худованд Шуморо
дар панохаш нигох дорад.

Часур
Хукумати авлоди ба пеш. Бо яке фаромуш накунед ягон бегонаро ба кор кабул кунед

Ин Ҳакимови депутат дар рӯзи равшан ба суоли он, ки ранги таги деги болои оташдон чигунааст, ҷавоб додааст, ки сафед. Шарм намедори? Албатта, барои ту чунин тарзи давлатдории худкома маъкул аст. Вакте ки чунин зиндагии бофарогатона дори, албатта дигархо ба назар намерасанд. Баъд сиёхро сафед мегуию, сафедро сиёх. Вой бар холи мардуми точик.

Точик
“Вақте як ҳукумат аз тарафи мардум интихоб намешаваду аз овози мардум вобаста нест, он ҳукумат дар андешаи беҳтар кардани вазъи зисти мардумаш нахоҳад шуд”/// Суханони тиллоии Абдукаюми Каюмзод. Ин режим ба неруи худ меболад. То ин режим аз байн наравад, вазъ бехтар нахохад шуд.

Фаридун
ин гапхо 100% дурустанд дар сари вазифа хама хешу таборанд

Хандонди
Ин хабарро дар халкаи хонавода баланд хондам, чун суханхои Мехрочиддин Хакимовро хонда тамом кардам, кампири момаам аз ханда ашк рехт. Баъдан суол кард: оё хамин бача худаш ба хамин афсонааш бовар мекунад? Инчо хама якбора хандидем. Рахмат акаи Мехроч дер боз чунин нахандида будем.

Tojik
Gap sari xeshutaborchigi ham nest. Asosi masala in ki in hukumat hukumati Kulob hast, ki yak vilolyat az boloyi digar viloyatho hukmroni mekunad. Albatta onho mekhohand odamoni khudi az viloyati kulob boshand ki ba onho komilan takya kardan tavonand. Baroi hamin hamai vazorathoi kalidi dar dasti namoyandagoni Kulob ast. injo yagon shubha nest. Lekin in siyosat xele xatarnok ast. Boyad namoyandagoni Sughdu Badakhshon ba hukumat beshtar jalb karda shavand, to ki balans boshad.

Рахмдил
Меъроҷиддин Ҳакимов туро касе интихоб кардас хато кардас. хакикатро гуй

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)