Узбакистон дар феҳристи кишварҳои ҳабскунандаи журналистон
Узбакистон ба феҳристи даҳгонаи кишварҳои “ҳабскунандаи рӯзноманигорон” шомил гардидааст. Ин феҳрист аз сӯи Кумитаи байналмилалии ҳомии журналистон омода ва дар он кишварҳои Эритрея, Ветнам, Сурияя, Озарбойҷон, Эфиопия, Миср ва Арабистони Саудӣ ҷой дода шудаанд.
Ин ниҳоди байналмилаӣ рӯзи 18 декабр гузоришеро нашр кардааст, ки дар он шумораи рӯзноманигорони зиндонӣ шуда дар соли ҷорӣ баррасӣ шудааст. Кумитаи байналмилалии ҳомии журналистон мегӯяд, ҳар чанд нишондоди имсола дар мавриди паси панҷара шудани журналистон нисбат ба солҳои пешин поин аст, вале ҳанӯз ҳам баланд арзёбӣ мешавад.
Ба феҳристи даҳгонаи давлатҳои “ҳабскунандаи журналистон” аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ номи Озарбойҷон ва Узбакистон ворид шудааст, ки аввалӣ мақоми 7 ва дуюми 9-умро ба худ ихтисос додаанд. Тартибдиҳандагони феҳристи мазкур гуфтаанд, дар Озарбойҷон ва Узбакистон мақомот барои паси панҷара бурдани сардабир ва журналистони интиқодгар аз иттиҳомоти нигоҳдории ғайриқонуии маводи мухаддир ва авбошӣ истифода мекунанд.
Кумитаи байналмилаии ҳомии журналистон мегӯяд, дар соли 2013 211 журналист барои иҷрои корашон маҳкум ва равонаи зиндон шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 21 адад кам аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |