Интиқоди Бобоназарова ва мухолифати Кумитаи амният ба қонуни муҳоҷират
Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари созмони “Перспектива +”, имрӯз, 18-уми декабр, зимни баррасии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз таъхири қабули қонун дар бораи муҳоҷират дар Тоҷикистон интиқод намуд.
Бобоназарова зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, чор сол боз мақомоти тоҷик қабули қонун дар бораи муҳоҷиратро ба таъхир меандозад. Раиси “Перспектива +” таъкид намуд, Фонди молие, ки бояд дар доираи қонуни муҳоҷират ташкил шавад, бояд аз ҳисоби маблағҳои давлат бошад: “Чун агар ин Фонд аз ҳисоби худи муҳоҷирон ташкил шавад, дар ин шароити фасодкорие, ки мо дорем, эҳтимол аст, ки он маблағҳо ба фоидаи муҳоҷирон истифода шаванд.”
Дар ин робита Шарипов Толиб, сардори сарраёсати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир Вазорати молия мухолифи ташкили Фонди махсус барои муҳоҷирон аз ҳисоби буҷаи давлат мебошад.
Таҳлилгарон мегӯянд, қонуни муҳоҷират барои шаҳрвандони тоҷик дар берун аз кишвар имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ намудааст, вале мақомот дар қабули онҳо шитоб намекунанд.
Музаффар Зарифов, роҳбари созмони “Муҳоҷират ва Рушд” таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир ниҳодҳое ба монанди Вазорати умури хориҷӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мухолифи қабули қонуни муҳоҷират баромад карда истодаанд.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон дар Русия наздики ду миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд ва аз нигоҳи ҳуқуқию иҷтимоӣ дар ин кишвар осебпазир арзёбӣ мешаванд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |