Тоҷикон дар афсонагӯӣ беҳтарини Осиё эътироф шудаанд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, имсол дар озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳаммосаҳои халқҳои Осиё, таҳти унвони «Санъати афсонагӯӣ» намояндагони Тоҷикистон соҳиби шоҳҷоиза шудаанд.
Ба иттилои манбаъ ин озмуни байналмилалӣ се сол инҷониб баргузор мешавад ва имсол ба гирифтани шоҳҷоизаи Озмун, намояндагони Тоҷикистон, муаллифони сенарияи спектакли «Мақсуд зи ҷумла офариниш моем» («Конечная цель всего творения мы»), Азим Аминов ва Олим Салимзода мушарраф гаштанд.
Вазорати фарҳанг мегӯяд, ин асар дар асоси рубоиёти фалсафӣ ва ҳикматомӯзи суханвари мумтози тоҷик Умари Хайём офарида шуда, ғановати адабиёти гузаштаи миллати моро барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Манбаъ афзуд, ҳамчунин дар Озмуни мазкур шоир, нависанда ва драматурги тоҷик Садри Умар бо сенарияи филми ҳунарии «Чамбули мастон» ғолиб дониста шуд: “Садри Умар дар солҳои 2011 ва 2012 низ бо сенарияҳои спектакли «Гӯрзод» ва филми ҳунарии «Тифле дар чанголи уқоб» дар озмун иштирок намуда, ҷойи худро дар сафи ғолибон ишғол намуд.”
Ин озмун ҳамасола бо ҳимояти Вазоратҳои фарҳангии Корея, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон баргузор шуда, соли 2014 низ даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |