Лағви ҳукми адабиёти экстремистӣ донистани тарҷумаи Қуръон
Додгоҳи шаҳри Краснодари Русия ҳукми адабиёти экстремистӣ донистани китоби тарҷумаи Қуръон бо забони русӣ “Смысловой перевод священного Корана на русский язык”-ро лағв кард. Китоби “Смысловой перевод священного Корана на русский язык” ахиран аз тарафи Додгоҳи шаҳри Новороссийскии Русия адабиёти экстремистӣ номида шуда, хондани он манъ гардида буд.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, Додгоҳи шаҳри Краснодар дар пайи шикояти Элмир Қулиев, муаллиф ва тарҷумони китоби тарҷумаи Қуръон ба ин ниҳод, масъалаи мазкурро ба баррасӣ гирифта, ба хулосае омадааст, қарори Суди Новороссийски асос надорад.
Ин дар ҳолест, ки Шайх Равил Ғайнуддин, раиси Шӯрои уламои Русия бо пахши як изҳорот ин ҳукми додгоҳи шаҳри Новороссийскӣ дар мавриди адабиёти экстремистӣ хондани тарҷумаи Қуръонро бемантиқ хонда, расман аз ҳукумати кишвараш хостааст, аз ингуна иқдомҳо даст кашад.
Маврид ба зикр аст, ки 17-уми сентябри соли ҷорӣ суди ноҳияи Октябри Новороссийски тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръон ба забони русиро дар тарҷумаи Элмир Қулиев экстремистӣ эътироф карда, даъвои прокуратураи нақлиёти Новороссийскро дар мавриди ба феҳрасти адабиёти экстремистӣ шомил кардани он қонеъ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |