Чиниҳо меоянд... Аммо ин Ватан бояд бимонад, соҳибмансабон!
Каюмарси АТО
Аз ҷӯроб то кӯлоҳамон маҳсулоти хитоӣ (чинӣ) аст. Аз қанду шакар то биринҷу равған, бодирингу шалғам ва аз масолеҳи сохтмонӣ то техникаи маишӣ ҳам Made in China-анд. Бар иловаи ин, дар чанд соли охир омадани теъдоди зиёди шаҳрвандони ин кишвари ҳамҷавор ба Тоҷикистони кӯчак низ ба мушоҳида мерасад.
Тақрибан як сол пеш дар маҳаллаи мо ҳамагӣ як хитоӣ ё чинӣ мезист. Ҳоло теъдоди онҳо тақрибан ба 30 расидааст. Тасаввур кардан душвор аст, ки баъд аз як сол ин рақам ба чанд баробар хоҳад шуд.
Агар дар як маҳаллаи мо беш аз сӣ хитоӣ зиндагӣ дорад, пас, дар тамоми қаламрави кишвар онҳо чӣ қадаранд? Оё мақомот фикр кардаанд, ки ҳузури чиниҳо дар кишвар чӣ паёмаде дар оянда дошта метавонад? Дар ҳоле ки аксари мардони тоҷик барои дарёфти қути лоямуте муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва занҳо муҳтоҷи як бурида нону пули бештаранд.
Дар мавриди даҳҳо зани фиребхӯрдаи тоҷик матбуот борҳо навишта буд. Бо яку ду кӯдак зани тоҷикро партофта рафтани шаҳрванди Хитой дар қиёс ба сару садоҳое, ки шунида мешавад, дарди бахайр менамояд. Чанд вақт пештар хабари дастдарозии як хитоӣ ба номуси духтарчаи ноболиғ ҳам паҳн шуд. Оё ин ягона чунин ҳолат аст?
Ба наздикӣ яке аз дӯстон гуфт, аз рӯи шунидаш дар пойтахт баъзе фоҳишахонаҳое ҳаст, ки махсус ба хитоиҳо хидмат мерасонад. Агар ин хабар ҳақиқат дошта бошад, пас, хеле риққатовар аст.
Медонам, ки Чин моро мехӯронаду мепӯшонад. Чин ба мо арзонтарин чизҳоро пешниҳод мекунад, чун медонад камбағалем. Медонам, Чин ба мо қарз додаасту агар хоҳад ба ивазаш як пораи дигар замини кишварро мегирад ва ё шояд бо фоизҳояш ними Тоҷикистонро. Вале намедонам, шаҳрвандонаш дар ин ҷо чӣ меҷӯянд? Мегӯед, мутахассисанд? Пас, кадрҳои мо куҷоянд? Магар ҷавонони мо қобили кор нестанд? Чаро ба коргарони хориҷӣ, аз ҷумла хитоиҳо, пули зиёд дода мешаваду барои кадрҳои ҷавони тоҷик ҳамагӣ чандсад сомонӣ?
Чанд муддат аз баҳри навиштан гузашта будам. Вале ин бор менависам ва ба ҳукуматдорон мегӯям, имрӯз курсиҳоро ба Шумо бовар кардаанд, на барои он ки ҳарчи бихоҳед бикунед. Лутфан, як бор ба дарди ин мардуми афгору рӯҳшикаста ҳам гӯш кунед. Курсии Шумо имрӯз ҳаст, фардо нест. Вале ин Ватан, ин замину кӯҳҳо бояд барои мо бимонад, барои ояндаи мо, барои наслҳои мо. Шояд Шумо хеле ба осонӣ онро соҳиб шудаед, вале гузаштагони мо барои ин сарзамини кӯҳсор хеле ҷон бохта ва хеле бойигариҳояшонро аз даст додаанд. Мефаҳмед?
Ҳоло ин ҳама оғози як хоби даҳшатангез аст. Намедонам, аз ин хоб, ки “аждаҳои сурх” ба он ворид шудааст, бармехезем, ё на.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |