КМИР интихоботи миёнадавриро 15-уми феврал таъин кард

Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи интихоботи миёнадаврӣ барои курсиҳои холимондаи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллиро 15-уми феврал муайян кардааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хабар доданд.
Интизор аст, барои "пур" кардани курсии холимондаи Марҳабо Ҷабборова, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагон ва ҳоло муовини нахуствазир, дар ҳавзаи рақами дуи Исмоили Сомонии Душанбе интихоботи миёндаврӣ баргузор гардад. Инчунин дар ҳавзаи Бохтар низ интизор меравад, ки ба ҷои Амирбек Маҳмадалиев вакили нави Маҷлиси намояндагон интихоб гардад. Маҳмадалиев бо фармони президент раиси ноҳияи Ёвон таъин гардид.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ваколати 9 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ низ пеш аз муҳлат қатъ шуд. Аз ҷумла ваколати Қоҳир Расулзода -муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ, собиқ раиси вилояти Суғд ва айни ҳол сарвазир, Қодири Қосим -муовини раиси палатаи болоии Парлумон, собиқ раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, раиси кунунии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазири тозатаъйини нақлиёт Хайрулло Асоев, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов - собиқ президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Давлатшо Гулмаҳмадов -собиқ раиси шаҳри Турсунзода, Ғайбулло Афзалов - собиқ раиси вилояти Хатлон, Ҳамид Абдуллоев -собиқ раиси шаҳри Норак, Қобиламо Ғуломшоева -собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва ваколати узви дигари Маҷлиси миллӣ Шамсмуҳаммад Назриев қатъ шуд.
Ҳамин тариқ, алҳол аз 33 курсии палатаи болоии Парлумони кишвар 9 курсӣ холист. 25 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси баргузории интихобот аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе мутаносибан 5 нафарӣ аз ҳар минтақа интихоб шуда, 8 нафар аъзои дигари Маҷлиси миллӣ аз сӯи Президенти ҷумҳурӣ таъйин карда мешаванд. Нахустин Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви доимии палатаи болоии Парлумони мамлакат -Маҷлиси миллӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |