Ширкати «Барқи Тоҷик» барои гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ бо ширкати «Марка Аудит Бишкек»-и Қириғизистон ҳамкорияшро ба роҳ мондааст.
«Барқи тоҷик» чиҳати амалӣ намудани барномаи гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) як қатор фармону дастурамалҳо таҳия намудааст. Тибқи иттиллои масъулини ин ширкат фармону дастурамалҳои муҳосибиро мувофиқи талаботи созмонҳои молиявӣ ва дар ҳамкорӣ бо «Марка Аудит Бишкек» таҳия намуда, ба корхонаҳои зертобеаш ирсол намудааст. Бояд зикр намоем, дар нимсолаи аввали соли равон ҷамъоварии маблағи фурўши нерўи барқ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ба 449, 6 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8, 6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.{jathumbnail off}
Мӯҳр