Узрхоҳии мудир барои эродаш ба “фигура”-и муаллима
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, баҳси “фигура” бо узрхоҳии Исломиддин Нарсов -- мудири маорифи ноҳияи Ёвон аз Меҳрафрӯз Ҳаётова -- муаллимаи забони англисӣ дар ҳузури маорифчиёни ноҳия поён ёфтааст.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, баъд аз мулоқоту сӯҳбати Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми кишвар бо Нарсов ва Ҳаётова, ҷонибҳо ба созиш расида, мудири маориф аз Ҳаётова маъзарат хостааст. Ин хабарро дар сӯҳбат бо “Озодагон” Меҳрафрӯз Ҳаётова, муаллимаи забони англисӣ дар интернати ноҳияи Ёвон, низ таъйид намуд ва гуфт, акнун аз нияти тарки ҷои кораш даст кашидааст. “Минбаъд низ талош мекунам, насли наврасро тарбия намоям”,-афзуд ӯ.
Қаблан, Ҳаётова аз болои мудири маорифи Ёвон шикоят карда буд, ки гӯиё шаъну эътибори ӯро дар назди ҳамкоронаш паст зада гуфтааст, “фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай.” Аммо Исломиддин Нарсов дар суҳбат бо “Озодагон” ҳама даъвои Меҳрафрӯз Ҳаётоваро бе асос хонда гуфта буд, “ман ба шахсияти ин омӯзгор нарасидаам. Вақте онҳоро ҷамъ кардем, танҳо дар мавриди сару либосаш гуфтам, ки ба талаботи низомномаи маориф ҷавобгӯ нест, яъне ду рӯймол дошт ва як либоси ғафси дигар, ки ба сару либоси барои омӯзгорон тавсиянамудаи Вазорати маориф мутобиқат намекунад”.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид мекунад, барои омӯзгорони макотиби ҷумҳурӣ риояи «Дастуруламали либосҳои тавсиявии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ» ҳатмист.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |