Зайд Саидов ҷарима месупорад, маҳкум мешавад ё озод?
Дар ҳоле ки, қарор аст, ба зудӣ ҳукми додгоҳ дар баробари Зайд Саидов – соҳибкор ва вазири собиқи саноат эълон шавад, “Озодагон” тасмим гирифт, миёни корбарони худ назарпурсиеро анҷом диҳад. Аз онҳо пурсида шуд, бовар доранд, Зайд Саидов аз боздошт раҳо хоҳад шуд, ҷарима хоҳад супурд ва ё ба 28 сол маҳкум хоҳад гардид.
Беш аз 38,5%-и иштирокдорони назарпурсӣ, ки 77 нафарро ташкил медиҳанд, гуфтанд, додгоҳ Зайд Саидовро ба мӯҳлати 28 соли зиндон маҳкум хоҳад кард. Аммо ҳудуди 30,5% ё дақиқтараш 61 нафари дигар ибрози умедворӣ кардаанд, ки собиқ вазири саноати тоҷик озод мегардад.
Танҳо 8,5 дарсади иштирокдорон (17 нафар) бар инанд, ки додгоҳ Зайд Саидовро ҷарима хоҳад баст. Дар маҷмӯъ, дар ин назарпурӣ 177 нафар иштирок карда, 45 нафар ё зиёда аз 22,5%-и иштирокдорон бо гуфтани “намедонам” иктифо кардаанд.
Баррасии парвандаи Зайд Саидов чанде қабл ба поён расида, Абдусамеъ Додобоев, намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ, аз додгоҳ хоста буд, Саидовро барои 28 сол равонаи зиндон кунад. Талабе, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард ва вакилони мудофеъву наздикони Зайд Саидов онро беадолатӣ номиданд.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуд. Мақомот ӯро дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешуморанд. Мурофиаи ӯ моҳи сентябр паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ шурӯъ шуда, интизор меравад, бо эълони ҳукми додрас ба анҷом бирасад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |