Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Мӯсо Диноршоев ва Мамадшо Илолов, донишмандони саршиноси тоҷик, бо ирсоли номае ба Эмомалӣ Раҳмон хостори ҳалли одилонаи қазияи Зайд Саидов – соҳибкор ва вазири пешини саноат шудаанд. Муаллифони нома ба раисиҷумҳур гуфтаанд, бовар доранд, ҷуз дахолати мустақими ӯ ба қазияи Зайд Саидов илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест. “Мутмаинем, шахсияти Зайд Саидов сазовори чунин таваҷҷӯҳ аст”,-афзудаанд онҳо.
Оқои Саидов, ки моҳи майи соли ҷорӣ, дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав боздошт шуда буд, ба қаллобӣ, бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад ва додситон барояш 28 соли зиндон хостааст. Аммо вакилони мудофеи ӯ тамоми ин иттиҳомотро рад карда, парвандаи нафари таҳти ҳимояташонро бофтаву сохта донистаанд. Худи Зайд Саидов ҳам дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфт, вай бо ягон иттиҳомоте, ки мақомот алайҳи ӯ эълон карданд, розӣ нест ва аммо зиндонӣ кардани ӯ ба нафъи давлату миллат бошад, розӣ аст, ки зиндонӣ шавад.
Инак, нома:
“Мӯҳтарам Президент,
бо истифода аз маврид Шуморо вобаста ба идомаи фаъолият табрик мегӯем ва аз ин масъулияти пуршараф ва ҳамзамон сангин, ки насибатон шуда, баҳрабардории боз ҳам бештареро барои мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон таманно дорем.
Умедворем сиёсате, ки тавонист мардумро ба ҳам орад ва сулҳу суботро дар кишвар таъмин созад, минбаъд низ барои осудагии мардум ва пешрафти кишвар мусоидат хоҳад кард. Бахусус ҳамон шеваи ин сиёсат, ки ҳадафаш дастгирии онҳоест вазъи рӯзгорашон нигаронкунанда, онҳое, ки таваҷҷӯҳу дахолати Шуморо илоҷи ҳалли мушкилоташон медонанд.
Муроҷиати мо низ сари ҳамин мавзӯъст ва манзурамон тақдири Зайд Саидов аст, ки миёни мардум воқеан ҳам маъруфияту маҳбубиятеро соҳиб гаштааст, маҳбубиятеро, ки дар ҷомеа танҳо бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ метавон дарёфт намуд. Саҳме дорад назаррас дар раҳоии мардум аз вартаи ҷанг. Шахсест муваффақ дар ҷодаҳои мухталифи фаъолият, бағоят хоксор, ғамшарики одамон, маърифатпарвар, дорои нангу номуси миллӣ, ҳиммату саховаташ ибратомӯз. Фаъолияти давлативу ҷамъиятиаш ифодаи садоқат ба сиёсати эҷодкоронаи Шумост ва бо пайравӣ аз ин сиёсат ба хотири ободии кишвару беҳбудии мардум корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Бунёди як силсила бинову иншоот, ки маҷмааи «Душанбе-плаза» аз зумраи онҳост, далели ин гуфтаҳост. Дар қатори аввалин нафарони баномуси миллат буд, ки аҳолии аз сел зарардидаи Кӯлобро бо манзили иқомат таъмин кардаанд, тариқи хариди саҳмия ҷонибдориашонро аз иқдоми бағоят муҳими тақдирсози Шумо бобати бунёди Нерӯгоҳи Роғун собит намудаанд.
Нафарест, ки дар татбиқи сиёсати давлатии дастгирии мактабу маориф, мусоидат барои таҳсил ба сокинони кӯҳистон ва табақаҳои осебпазири мардум пешсаф буд. Чунончи, ҷиҳати таъмини ҳарчи бештари баҳрабардории мардум аз барномаи таҳсил бо квотаи Президентӣ чанде аз духтарони кӯҳистонии толибилмро дар пойтахти кишвар бо манзили зист таъмин намуд ва ба онҳо ёрии моддӣ мерасонд. Имрӯз ин бонувон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият доранд.
Масоили марбут ба рушди варзиш низ дар мадди назари мавсуф қарор дошт. Бо дастгирии ӯ Федератсияи тенниси мамлакат аз нав эҳё шуд, варзишгарони ин соҳа ба мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд. Мусоидат барои шароити муносиби тамрину варзиш ва таъмини моддии варзишгаронро пурра ба ӯҳда дошт.
Итминон дорем ташаббуси таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» низ идомаи ҳамон мантиқ аст. Яъне ҳадафаш тақвияти кӯшишу талошҳост ба хотири пайравиву дастгирии сиёсати Шумо тавассути фаъолияти сиёсии дастҷамъонаи нафарҳое, ки малакаву маҳорати хуби тахассусӣ доранд.
Президенти мӯҳтарам,
То он даме, ки сару садоҳо мавриди қазияи номбурда бо истифода аз далелҳое, ки барои дарки моҳияташон мантиқи оддӣ кофист, баланд нашуд, бо эътимод ба расмиёти мақомоти марбута, аз вокуниш худдорӣ кардем. Вале вазъ вобаста ба ҷузъиёти моҷаро, мутаассифона, таскинбахш нест. Зайд Саидов модарзод нуқси ҷисмонӣ дорад, вазъи саломатиаш низ, то ҷойе медонем, чандон хуб нест. Азобу азияту маҳрумиятҳое, ки қариб ҳафт моҳ нисбаташ раво дидаанд, барои саломатиаш, барои зисташ хатару оқибати ногувори бебозгашт доранд. Ва аз ҳама муҳим, хислатҳои ҳамидаву волои ахлоқӣ, ки боиси муҳаббати мардум ба ин шахс шудаанд, собиқаи буду бошаш, ки самараи он фақат некист ба дигарон, созандагиву ободкорист, ҳиммат асту саховат, худ далели он аст, ки ин гуна афрод ҳаргиз наметавонад ба амалу кирдори нангине даст бизанад, ки имрӯз мақомот мехоҳанд муттаҳамаш донанд.
Итминон дорем ҷуз дахолати мустақими Шумо ба қазия илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест. Мутмаинем, шахсияти Зайд Саидов сазовори чунин таваҷҷӯҳ аст. Барои тақвияти хулоса метавонем бигӯем, ки ҳама гуна иддао, таънаву маломат, шубҳаву гумон унвонии ин фард, ки ба санҷишу тафтиш вобастагие доранд, маҳбубияти ӯро миёни мардум коҳиш надодаанд, гузашта аз ин муносибати хайрхоҳонаи рӯзафзуни одамон ба тақдираш ҳарчи бештар мушоҳида мешавад. Ва Худо накарда ҳалли моҷарои ба сари ин мард омада ноодилона сурат гирад ва чун рамзи бедодгарӣ муаррифӣ шавад.
Эҳтиромона хоҳиш дорем мавзӯи муроҷиати мазкурро лоиқи таваҷҷӯҳ арзёбӣ кунед ва барои ҳалли одилонаи қазияи Зайд Саидов бо истифода аз салоҳияту ваколатҳои волоятон мусоидат намоед.
Бо умеди дастгирии Шумо,
Мӯъмин Қаноат,
Гулрухсор Сафиева,
Мӯсо Диноршоев,
Мамадшо Илолов