Дар намоишгоҳи Х1Х-уми Қуръон, ки шурӯъи моҳи Рамазони шариф дар Теҳрон баргузор гашт, Қуръони ҳачмаш хурдтарини дунё ба намоиш гузошта шудааст.
Андозаи ин китоби Қуръон 5х7 буда, хамаги аз 2 саҳифа иборат буда, дар саҳифаи аввал 16 ва дар саҳифаи дуввум 14 пораро дар худ чой додааст. Китоби мазкур бо 9526 санги қиматбаҳо ороиш дода шуда, дар муқоваи он бо истифодаи 126 алмос «Ал Қуръон Ал Мачид» навишта шуда, бо тилло зеб ёфтааст.Намоишгоҳи Х1Х байналхалқии Қуръон то шаби қадр - 27-уми моҳи Рамазон идома хоҳад кард.{jathumbnail off}
Мӯҳр