Қатъи ваколати Қоҳир Расулзода, Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев
Аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 16 декабр бо аксари оро ваколати Қоҳир Расулзода, раҳбари пешини Суғдро, ки ҳамзамон муовини аввали раиси ин маҷлис буд, пеш аз муҳлат қатъ кард. Ин масъала дар иҷлосияи 16-уми Маҷлиси Миллӣ, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Инчунин, аъзои маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон ваколати Қодири Қосим, раиси собиқи вилояти Бадахшонро қатъ намуда, Хайрулло Асоевро аз ҳайати кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ кардаанд.
Ҳоло Қоҳир Расулзода нахуствазир, Қодири Қосим раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва Хайрулло Асоев вазири нақлиёт ё роҳи Тоҷикистон таъин шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |