Карон ё Кумед? Баҳсҳо дар бораи як шаҳри қадимӣ дар Дарвоз
Як муаррихи тоҷик иддао дорад, шаҳри қадимии ёфтшуда дар Дарвоз Карон нест. Ғолиб Ғоибов дар матлабе, ки рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон - “Ҷумҳурият” чоп кардааст, мегӯяд, “таҳқиқот ва сарчашмаҳо бешубҳа ба он далолат мекунанд, ки шаҳре, ки дар Дарвоз бостоншиносон пайдо кардаанд, на Карон, балки шаҳри Кумед ва маркази вилояти таърихии Кумед мебошад”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан як гуруҳи бостоншиносон бо шумули профессор Юсуфшоҳ Яъқубов аз пайдоиши шаҳри Карон дар ноҳияи Дарвоз хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо таърихи наздик ба чорҳазорсола дорад. Карон дар масоҳати 32 гектар, то асри 15 макони зисти шоҳони Дарвоз будааст.
Аммо Ғолиб Ғоибов бо такя ба манобеи таърихӣ аз таърихи Куррону Мунҷон, ду ноҳияи бузурги кӯҳистонӣ, воқеъ дар ҷануби Бадахшон нақл кардааст. “Куррон дар ҳамсоягии ноҳияи Мунҷон қарор дорад ва сарчашмаҳо низ аксар вақт онҳоро паси ҳам ёд мекунанд. Ҳамин тавр, маълум мегардад, ки Куррон дар ҷануби вилояти Бадахшони Афғонистон воқеъ гардида, он ба шаҳри дар Дарвоз ёфтгардида, ки он баръакс дар шимоли Бадахшони Афғонистони кунунӣ воқеъ гаштааст, ягон муносибате надорад. Пас, табиист, суоле пайдо мешавад он шаҳре, ки дар Дарвоз бостоншиносон пайдо намуданд, кадом шаҳр аст?”
Дар посух ба ин суоли худ, муаррихи тоҷик ба таърихи шаҳр ва вилояти таърихии Кумед ишора кардааст, ки дар минтақаи байни Хутталону Шуғнон дар ҳудуди Қаротегину Дарвозу Ванҷ воқеъ гашта будааст: “Дақиқ маълум мегардад, ки вилояти Кумед ва шаҳри марказии он дар кӯҳистон воқеъ гашта, дар ҷануб ин вилоят бо Шуғнон, дар ғарб бо Хутталон ҳамсарҳад будааст. Ба андешаи мо харобаҳои шаҳри дар Дарвоз ёфт шуда, ки 32 гектарро ташкил медиҳанд, шаҳри марказии Кумед мебошанд, на шаҳри Куррон. Кумед дар асрҳои VI-VIII вилояти нисбатан тараққикарда буд, то дараҷае, ки тибқи маълумоти солномаи чинии Таншу шоҳони Кумед чанд маротиба ба дарбори императорҳои Хитой аз пеши худ сафорат фиристода будаанд”.
Ин ҳама баҳсҳо дар ҳолест, ки моҳи октябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба Бадахшон аз маҳалли Карон низ боздид анҷом дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |