Бахшҳо

Модари Ҳамза: "Акнун ба назди хонаи президент меравем" (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 16 декабр даъвои волидони Ҳамза Икромзодаро дар бораи рӯёндани даҳ миллион доллар ҷуброни зарари маънавӣ рад кард. Ҳамза Икромзода тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашт. Наздиконаш бовар доранд, ки маъмурони зиндон ӯро куштаанд, вале Вазорати адлия мегӯяд, Икромзода худкушӣ кардааст.

Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло дақиқ нест, даъвои волидони Ҳамза Икромзода барои чӣ ва дар асоси кадом далел рад шудааст. “Бо дар назардошти он ки додрас (судя) танҳо қисми аввалу охири ҳалномаро хонд ва ин ҳуқуқи ӯст, ҳоло маълум нест, даъво дар кадом асос рад карда шудааст. Дар муддати панҷ рӯз ҳалномаи додгоҳ пурра омода мешавад. Мо онро хонда таҳлил мекунем ва баъд вобаста ба ин ҳолат шикояти кассатсионии худро ба додгоҳи шаҳри Душанбе пешниҳод хоҳем кард”,-афзуд ӯ.



Оқои Ёров дар идома гуфт, бо ин ҳол, аз радди даъвои волидони Ҳамза Икромзода дар шигифт уфтодааст ва ба ин фикр аст, ки дар кишвар қадри инсон камтар боқӣ мондааст. “Ман ҳамин хел мефаҳмам, ки инсонро азобу шиканҷа додан мумкин будааст. Дар ҳоле ки талаботи моддаи 5-и Қонуни асосии Тоҷикистон мегӯяд, инсон аз ҳама арзиши олист”,-гуфт Бузургмеҳр Ёров.

Ҳарчанд намояндагони додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар ин замина ҳарфе нагуфта, ҳалномаро низ шарҳ надоданд, вале модари Ҳамза Икромзода – Зулайхо Ҷӯраева ба “Озодагон” гуфт, аз ин тасмими додгоҳ розӣ нест ва мухолифи он эътироз хоҳад кард. Ӯ афзуд, “мо дар як коғази калон аксҳои писарамро ҷамъ овардаем. Ният дорем, бо тамоми падару модароне, ки фарзандонашон дар маҳбасхонаҳо ҳастанду таҳти фишору шиканҷа қарор доранд, ба назди манзили раисиҷумҳур биравем ва арзу додамонро бигӯем.”

Хонум Ҷӯраева аз он изҳори норизоӣ кард, ки бо гузашти як солу се моҳ аз замони фавти писараш дар зиндон ташхиси экспертизаро надидаанд. Дар ҳоле ки ба таъкиди ӯ, қаблан муфаттиши Додситонии кулл Икромиддин Қараев ба онҳо гуфтааст, ташхис 80 дарсад ба ҷониби хонаводаи Ҳамза Икромзода аст. “Вале баъд аз он, то ҳол, Икромиддин Қараев ба зангҳои телефони мо ҷавоб намедиҳад. Қонуншикан мақомоти давлатӣ ҳастанд ва раисиҷумҳур давлати Тоҷикистонро ҳамин мақомот паст задаанд. Мо дар ҳамин мурофиаи додгоҳӣ ташхиси писарамонро дидем, ки дар онҷо омадааст, гӯиё мағзи сари вай варам будааст. Чанд хулосаҳои дурӯғи дигарниз буд. То он рӯзе, ки зиндаам, мубориза хоҳам бурд”,-илова кард Зулайхо Ҷӯраева.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор, ки ба ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, соли гузашта дар мсаҳбаси рақами яки Душанбе даргузашт. Пайвандони ӯ гуфтанд, ҳангоми шустани ҷасади Икромзода дар бадани ӯ изи дарзмол ва бандро пайдо кардаанд. Иддаое, ки мақомот онро рад карда, ҳатто Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳоӣ гуфта буд, “касе Ҳамзаро куштааст, Худо мезанадаш”.
Мӯҳр
Фаридун
Худованд ин бе инсофу бе адолату харомхури моро иншоллох фардо рузи киёмат нишон медихад, Ман ба ин модар аз даргохи Худо сабри чаминро хоханам

ооо апаи Зулайхо то охир мубориза баред! Гап жар сари фарзанди Шумо меравад.

Фира
дар давлати мо одами камбагалу нодора хамчун инсон намешиносанд,ин суду пракрату ба ки лозимаст,ки танхо масъалахои чидиро танхо ЧО хал намояд инкадар пракрорхо баро чи аз давлат маощ мегиранд намедонам.агар дар макомотхои болот того.ё инки ..пул...бошад корат хал мешавад

Гариби Ватан
Ришвахурй,одамбозй дар Точикистон ба дарачаи аъло расидааст.Пулат бошад одам кушта бошй хам халос мешавй!Бепул бегунох хабс карда мешавад.
Кимати пул пеши конуни Ватан афзудааст,
Дар бисотат пул набошад доди ту бехудааст.

Ба чабрдидагон хамдардй баён мекунам!

хонанда
э неки барои як авбош ин кадар гапу калоча.Хами холара як бор пурсен ки вакти бачат бо никоб хонаи мардум даромад фикри кудакои у очаи хаму кудакора накарди?

модар аз Душанбе
Озодагон, ин мавзуро мон, дар шахри Душанбе аз имруз сар карда соли нав ва иди алифбо огоз гардидааст. Факат дар мактаби №60 аз як хонандаи синфи 1 ба маблаги 100 сомони чамъ кардаанд. 35 барои винетка ва бокимонда хаки муаллима касе боз падарка намеорад вой бар холи он, дар синф 35 нафар мехонад, бисьёри хонандагон хонда наметавонанд, агар аз муаллима пурси мегуяд намефорат барш мактабои пулаки, мо чи кор кунем, дардамона ба ки гуем

модар аз Душанбе
Илтимос ин мавзуро бинед, ба шуъбаи маориф гап зада намешавад, директори мактаб дар паси дари синф боз рох намедихад, ки акалан бо ин маблаги чамъшуда муаллима чи кадар савод омухтааст ба кудакон.
Хар мох 20 сомони аз хар кудак чамъ мекунанд, агар пурси барои чи, чавобаша худатон рафта гиред. Иловаги дарс гуфтан ки дар хамон синф барпо мешавад дар партаи кафо сад сомони.Ин хел хонандагон 5-6 нафаран ки муаллима ба онхо камтар нисбати дигар хонандагон дикат медихад, мо чи кор кунем хамаги 300 сомони маош мегирем, вой бар холи фарзандони мо
Агар хакикат бошад аз ин мактаб репортаж тайё мекунед, аз ахволи хочатхонаи мактаб бохабар мешавед, чанги мактаби 60 ва 90 ро мухокима мекунед, насли оянда чи хел тарбия меёбад

Умед дорам хакикати холро маълум мекунед

ману
Додгох бедодгари дора

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)