Марги як тоҷики 43-сола дар шуъбаи пулиси Домодедово
Мақомоти умури дохилии Русия, 15-уми декабр, бо пахши як иттилоия аз фавти шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон дар шуъбаи пулиси шаҳри Домодедоваи назди Маскав хабар додаст.
Ба итилои манбаъ ба шуъбаи пулис табибони беморхонаи марказии Домодедова хабар додаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолати мадҳушӣ ба беморхона оварда шудааст, вале аз бистарӣ шудан худдорӣ мекунад: “Маъмурини пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, даёфтаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон зери таъсири маводи мухаддир қарор дорад ва чизи муайянеро гуфта наметавонад. Ӯ ба шуъбаи пулис оварда шуд ва баногоҳ соати 23:10 дар он ҷо вафот кардааст. ”
Мақомоти умури дохилии Русия таъкид мекунанд, ки дар бадани шаҳрванди Тоҷикистон осори шиканҷа мушоҳида намешавад. Манбаъ таъкид мекунад, ки айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса санҷиш гузаронда мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |