Бори гарони андозсупорандагон дар соли ояндаи 2014
Буҷа (буҷет)-и Тоҷикистон барои соли оянда 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷаи имсола 15,3 дарсад (фоиз) ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёдтар мебошад.
Тавре аз ҳисобукитоби Вазорати молия бармеояд, бори асосии буҷаи соли ояндаро андозсупорандагон мекашанд ва интизор меравад, соли 2014 аз ҳисоби андоз ба буҷа 6 миллиарду 924 миллион сомонӣ ворид гардад, ки нисбат ба нишондоди имсола 20 дарсад зиёд мебошад. Таҳлилгарон мегӯянд, дар ин шароит сабукии андоз ғайриимкон буда, дар соҳаҳои алоҳида метавонад, андозҳо боз вазнинтар шаванд.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон хароҷоти буҷаро барои соли оянда 14,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки нисбат ба хароҷоти имсолааш 1,9 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Касри буҷаи соли оянда, яъне хароҷот аз даромад 242 миллион сомонӣ зиёдтар аст, ки ба гуфтаи масъулини Вазорати молия як такон барои зиёдтар кардани даромади буҷа хоҳад буд.
Бар асоси дурнамо буҷаи давлатӣ барои солҳои 2015 ва 2016 мутаносибан ба андозаи 15,3 миллиард ва 16,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |