Бахшҳо
16 дек 2013 09:52Тоҷикистон / Иқтисодӣ

2 000 сомонӣ ҷаримаи марди 63-сола барои тӯйи писараш

Додгоҳи Бохтари вилояти Хатлон як сокини бознишастаи ин ноҳияро, ки маъюби гуруҳи дувум будааст, бо ҷурми риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ду ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Бар асоси иттилои раисикунандаи мурофиа -- Ҳасан Мӯъминов, Нарзиқул Зулфиқоров тӯйи домодии писарашро бар хилофи муқаррароти қонуни танзими ҷашну маросим ду рӯз барпо намудааст. Яъне, дар рӯзи аз ҷониби ҷамоат тавсиянагашта барои 25-30 нафар ақрабо, ҳамсабақони писар ва ҳамсояҳо дастурхон густурдаю эшонро таом додааст.

Бино бар ин, дар баробари ин кирдори ӯ додгоҳ аз моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон кор гирифтааст.

“Додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла бори аввал содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба гуноҳ иқрор шудан, изҳори пушаймонӣ кардан, дар тарбия шаш фарзанд доштан, нафақахӯри маъюби гуруҳи дуюм буданашро мувофиқи мақсад шуморида, нисбат ба ӯ ҷазои маъмуриро аз ҳадди ақалли пешбининамудаи моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пасттар таъин намуд”,-афзуд додрас Мӯъминов.
Мӯҳр
Агар туи ягон бойбобо ё калоншаванда бошад ин ургонхо даст пеши бар бурда хуш омадед меган,яг бечора боз мачрух будааст як маъракача кардааст даррав чарима.Умуман дар чомеъа ягон намуд инсоф имон хам намондааст.Вай бечора мумкин охирин сумаша сарф карда маърака карда бошад боз ба болои ин чарима.Ба болои ин вай одам мачрухи гурухи 2 будааст ба чои ин ки ба вай ёрдам кунанд чаримааш мекунанд.Умуман дар чомеаи демокроси ба хаёти шахсии инсон дахолат кардан тамоман мумкин нест.

Рахмидил
Туйи писари чо бен рав чарима кун шимата байрак мекунад.

solim
hamintavr mardum hamintavr hukumat harchi hast az khudamon vobastaast mo ki haqqamonro talab kunem dar on vaqt metavonem agar ne az inham badtar khohad shud

ин хамаш чоплусхои хукуматанд ва ило худашон ким чи коро мекунан

Махмад
Чаро 120 сомони не?

Фаридун
Дар Точикистон адолат нест эй мардум чаро мо хомушем бачаи Хукумов 3 нафарро кушт ва се нафари дигар мачрух шудан 120 сомон чарима шуд чаро камбагал бе таго ро 2000 сомон чарима кардан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)