Нахустин президенти сиёҳпусти ҶАҶ-ро ба хок супурданд
Имрӯз, 15 декабр Нелсон Мандела, нахустин президенти сиёҳпусти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ба хок супурда шуд.
Маросими видоъ бо Мандела дар зодгоҳаш, рустои Куну сурат гирифт. Тобути ӯро рӯзи гузашта аз шаҳри Претория ба Куну оварданд.
Мандела 18 июли соли 1918 таваллуд шудааст. Баъд аз хатми колеҷ бо истибдод дар Африқои Ҷанубӣ муборизаи шадидро оғоз кард. Соли 1950 Мандела президенти лигаи ҷавонони Конгресси миллии Африқо таъин шуд. Соли 1964 аз сӯи ҷонибдорони истибдод боздошт ва барои 27 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Соли 1990 аз маҳбас раҳо гардида, соли 1994 дар интихоботи президентӣ пирӯз ва аввалин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ гардид. Соли 1999 Нелсон Мандела ба истеъфо рафт. Мандела моҳҳои ахир аз маризии шадид ранҷ мекашид ва 5 декабри соли 2013 дар сини 95 солагӣ ин дунёро падруд гуфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |