НУФАРН-4,
барои “Озодагон”
Аввалин лентаи буридаи Эмомалӣ Раҳмон баъд аз пирӯзияш дар интихоботи президентии 6 ноябр бинои нави панҷошёна ва дигар иншооти тозабунёди Дастаи таъиноти махсуси милиса ё ОМОН буд. 5 декабр, вақте аз оғози фаъолияти ин даста 18 сол пур шуд, раисиҷумҳур лентаи рамзии ин биноро бурид ва онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Оғози ширкат дар маросими баҳрабардорӣ аз иншоот бо лентабурӣ дар бинои ОМОН танҳо як иттифоқ аст ё дар худ паёме ҳам дорад?
Биное, ки 5 декабр бо буридани лентаи рамзӣ президент онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт воқеъ аст. Ба иттилои сомонаи расмии раисиҷумҳур бинои нави панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милиса бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои “таҳхона, утоқҳои барҳавою муҷаҳҳази корӣ, толори калони варзишӣ бо олоту ашёи обутоби бадан ва бозиҳои варзишӣ, толори махсуси тирпаронӣ аз аслиҳаи муҳорибаи наздик, утоқу толорҳои зебо барои хоб, истироҳату фароғат, гармобаю обхона, толори бузурги маҷлисӣ ва ошхона барои 250 нафар” аст. ОМОН ё Дастаи таъиноти махсус вазифаҳои сангинеро бар дӯш дорад, ки мубориза бо терроризму экстримизм, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ ва гузарондани амалиёти махсус аз қабили онҳо аст. ОМОН-и Тоҷикистон 5 декабри соли 1995 бо ҳайати шахсии иборат аз ҳамагӣ 66 нафар ба фаъолият оғоз кардааст.
Иттифоқан, нимаи дуюми ҳамон рӯз, яъне 5 декабр, аз як садамаи нақлиётӣ бо ширкати як афсари Дастаи таъиноти махсуси милиса хабар расид. Ба иттилои ИмрӯзNews, ин сониҳа дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт, рӯбарӯи бинои Сирки давлатӣ чанд метр дуртар аз бинои ОМОН ба вуқӯъ пайваста ва як занро захмӣ кардааст. Аммо суҳбат аз нахустин лентаи рамзии буридаи президент баъд аз интихобот буд, ки он аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз шуд. Шояд ин паёме барои наздик шудани милиса бо мардум бошад, ки солҳои ахир аз фосилаи зиёди байни онҳо зиёд мегӯянд. Умед мекунем, ки он танҳо ҳамин паёмро дошта бошад, на он чиро ки аҳён-аҳён дар борааш мегӯянд.
Шояд ин танҳо як иттифоқе беш нест. Агар қабл аз солгарди оғози фаъолияти Дастаи таъиноти махсуси милиса кадом як ниҳоди дигар ҷашн медошт ё кадом як иншооти муҳими дигарро ба истифода медоданд, президент нахуст лентаи онро мебурид. Аммо ҳар чӣ ҳам буд, рӯзе, ки президент барои лентабурӣ рафт, бори нахуст баъди солҳои тӯлонӣ фаввораҳои пеши бинои Муҷтамаи табъу нашри мавсум ба “Шарқи озод” ба кор даромад. Ин ҳам дар ҳоле ки он рӯз аз осмон барф мерехт. Аслан дар мо ҳамавақт талош мекунанд, ки ҳама чиро танҳо барои президент анҷом диҳанд. Вақте нақшаи сафари президент ба ягон ноҳия тасдиқ мешавад, масъулон дасту остин барзада ба таъмири роҳҳову рангу бори биноҳои наздик ба роҳи асосӣ иқдом мекунанд.
Ёдатон ҳаст, ки ҳатто дар дохили замини пахта, ки онҷо президент сафар кард, қолин густурданд. Ва ҳатман ки дар ин сафарҳо раисиҷумҳур лентаи рамзии як ё ду иншоотро мебурад. Борҳо шунидаем, ки аксари ин биноҳо баъд аз сафари президент аз фаъолият бозмондаанд. Масъулин танҳо ба хотири худро дар чашми раҳбари давлат “ширин” кардану худнамоӣ мекӯшанд, ки бисёртар аз иншооти навсохт дар ҳузури президент сухан бигӯянд. Шояд барои бархеҳо ин мояи ифтихор бошад, ки лентаи иншооташро худи раисиҷумҳур буридааст.
Шояд бо ин кор худро аз санҷишҳои пайвастаи мақомоти андоз ва дигарон халос мекунанд. Аммо ба назари ин ҷониб шарт нест, ки раҳбари давлат лентаи ягон сех ё корхонаи истеҳсоли шарбатро бибурад. Бигзор ин корро раҳбарони ноҳияҳо анҷом диҳанд. Президент вақте лентаи иншооти хеле муҳим, масалан назири НБО-и Роғунро мебурад, ба обрӯяш меафзояд. Барои раҳбари давлат фикр мекунам буридани лентаи як фаввора айб аст. Бигзор шаҳрдор ин корро кунад. Президент бояд лентаи мактабҳоеро аз нав таъмиру таҷдид шудааанд, набурад. Бигзор ин масъулиятро вазири маориф бар уҳда бигирад. Шарт нест, ки президент лентаи кадом як мағозаи китобро бибурад. Ин корро бигузор вазири фарҳанг анҷом диҳад. Президент вазифа ва масъулияти аз ин бузургтар ва муҳимтаре дорад. Ҳамавақт масъули лентабур пайдо мешавад. Мардум президенти самимӣ, ҳалолкор ва пуштибони халқро бидуни ширкати ӯ дар маросими ифтитоҳи иншооти хурду бузург ва лентабурӣ низ мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.
Ин танҳо нуктаи назари шахсии ман аст. Шумо метавонед бо он розӣ набошед.