Бахшҳо

Кабирӣ дар бораи тағйирот ва мақоми нави Рустами Эмомалӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, бар ин аст, ки интихоб шудани Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳур, ба ҳайси раҳбари Хадамоти гумрук аз кишвари феодалӣ будани Тоҷикистон дарак медиҳад.

Кабирӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии русии “А24” гуфтааст, ин таъйинот бозгӯи он аст, ки давлати Тоҷикистон танҳо дар Қонуни асосӣ демократӣ ва дунявӣ буда, дар асл ба як кишвари асримиёнагӣ наздик ба монархия монанд аст. Ба қавли раиси ҲНИТ, Тоҷикистон танҳо дар либос ва ороиши бинову маъракаҳо ҳамчун кишвари муосир ва мудерн дида мешавад: “Вале дар воқеъ, ба як кишвари феодалӣ табдил ёфтааст.”

Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба суоли хабарнигор, ки “вокуниши мухолифони тоҷик ба ин мансаб таъйин шудани Рустами Эмомалӣ чист?” иброз медорад, ки инҷо дигар вокуниши мухолифин зарурат надорад. Чун ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон бо ин иқдоми худ миссияи мухолифинро дар ин бора иҷро кардааст. Раиси ҲНИТ мегӯяд, вазифаи мухолифин ошкор ва гуфтани камбуди ҳукуматҳо аст. “Дар бархе аз кишварҳо, ки ҳукумат барои пӯшонидани камбуду мушкилоти худ талош мекунад, ин кор барои мухолифин мушкил пеш меорад, аммо ҳукумати Тоҷикистон бо ин амал вазифаи мухолифинро иҷро кард ва акнун барои мухолифон ҳатмӣ нест, камбуди ҳукуматро ҷӯянд, чун он алакай ошкор аст”,-гуфтааст ӯ.

Оқои Кабирӣ илова намудааст, омадани писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин симат аз иштибоҳ ва эҷоди як мушкил барои ҳукумати кишвар дарак медиҳад. Ӯ бар ин аст, ки ба ин таъйинот аз ҷониби бисёриҳо баҳои манфӣ дода шуда, норозигӣ на танҳо миёни мухолифин, балки байни тарафдорони худи ҳукумат низ эҷод кардааст. “Ба чунин масъалаҳо, бахусус дар як кишваре, ки худро демократию дунявӣ меҳисобад, бояд хеле эҳтиёт кард”,-таъкид доштааст ӯ.

Ин сиёсатмадори тоҷик афзудааст, ҳарчанд аз ташкилшавии ҳукумати нави Тоҷикистон ягон иллюзия надошт, вале умедвор буд, сафи аъзои ҳукумати навташкилро бештар ҷавонон ва намояндагони аҳзоби гуногун, ё ҳадди ақал муттахассисон ва технократҳои бидуни ҳизбу берун аз қабилагароӣ ташкил медиҳад. Ӯ таъкид дорад, ки дар Тоҷикистон бо ивазкунии аъзои ҳукумат, ки ин ҳам дар тими нави Раҳмон тақрибан ягон чеҳраи нав дида намешавад, ҳеч чиз тағйир нахоҳад ёфт. Чун дар ин кишвар дар ҳама соҳа президент тасмим мегираду вазирон танҳо иҷрокунанда мебошанд: “Мутаассифона, дар мо вазириро танҳо иҷрокунанда медонанд, аммо дар асл масъулияти вазирӣ танҳо бо ин хатм намешавад, балки ӯ бояд худ низ қарор қабул кунад ва барои ин амали худ ҷавобгар бошад. Вале дар Тоҷикистон танҳо президент ин ҳамаро мекунаду фақат худи ӯ ҷавобгар аст.”
Мӯҳр
Донишчу
Умеди мардум ба интихоботро барбод додед ва холо худро мухолиф метарошед. Шумо мухолиф не, балки хамдасти хукумат хастед. Шуморо хам аз асри миёна факат костюму галстук факр мекунонад.

Максад
Оффарин Кабри зинда бош!!!!

эксперт
Гуфтор дигару кирдор дигар. Хамаро фиреб дода наматавони мистер Бин.

aziz
rustam respect ...iyo guftan megiran xdwon agar prezident bowan chikoroi bade bknan noguftani .. iyora gushkadan darkor nee hamaw xojahoi xoriji doran . kora jidi bigi rustam

Восе
Олими беамал занбури беасал.

Дилшод
Давраи нихоии президентии Эмомали Рахмон давраи дигаргуни ва самар овардани захматхои чандинсолаи он хохад буд. Хануз максадхои чаноби Рахмон пурра амали наефтааст ва уро зарур буд то як навбати дигар ба хайси рохбари кишвар боки бимонад. Баьди интихобот, ки чаноби Рахмон бо раьйи вокеии мардум пируз гардид, дар таьйини нави аьзои Хукумат писари худ Рустами Эмомалиро ба хайси рохбари Хадамоти гумрук таьйин кард ва албатта вокуниши бархе ашхосу гуруххои мухолифро низ ба бор овард. Яьне хамон гуруххое, ки то кунун хостори ба курсихои Хукумат омадани кишри чавонон буданд. Рустами Эмомали, сарфи назар аз он ки фарзанди раисчумхури кунунист, аммо донандаи хуби чандин забонхои хоричист, яьне нафари одди нест, кадри тайер аст. Инчунин таьйин шудани у аз чониби рохбари давлат ба хайси рохбари Хадамоти гумрук, аз зиракии Эмомали Рахмон далолат медихад, зеро мо хостори дар оянда пайвастан ба Иттиходи гумрукии Авруосиеро дорем. Аз ин ру, нафаре бояд рохбари Хадамоти гумрук бошад, ки наздик ва содик ба президенти кунунист. Яьне бояд шахси бовариноки президент бошад, ки баьди пайвастан ба Иттиходи гумрукии Авруосие ба коррупсия даст назанад. Аллакай натичаи гаравиш ба суйи Иттиходи гумруки маьлум шуда истодааст, яьне лагви бочи гумруки аз чониби Русия вобаста бар фуруши нафт. Аллакай Путин дарк карда истодааст, ки бидуни хамгирои бо кишвархои Осиеи Миена наметавонад пеш равад ва аз гузаштхо кор гирифта истодааст. Дируз тавассути шабакахои Русия суханронии уро намоиш доданд, ки мегуфт мо ниез ба мухочирони кории Осиеи Миена дорем ва бояд ба онхо шароити осони корро мухайе кард. Хусусан яке аз гузаштхои навбатии у танхо тавассути мучаввиз (потент) дар хама намуди кор, чи инфироди ва чи ширкатхо кабул намудани мухочирон буд. Ин аз он дарак медихад, ки аллакай мархилаи нави хамкории президентхои ИДМ огоз шудааст ва албатта байни онхо маслихатхое сурат гирифтааст, ки мову шумо намедонем. Холо Русия барои напайвастани Украина ба Иттиходи Аврупо пойфишори дорад, зеро Иттиходи мазкур барои Украина самарабахш нест, чи тавре ки Иттиходи гумрукии Авруосие дорад. Мо бояд умедамонро барои фардои дурахшон дучанд намоем. Бояд аз рохбари нави Хадамоти гумрук хушбин бошем, зеро у метавонад сабабгори ворид шудани махсулоти босифат ба кишвари мо шавад. Холо бубинед, иншооллох дар рузхои наздик гуфтугуи созандаи Точикистону Узбекистон низ огоз мешавад. Зеро Эмомали Рахмон ва хамтои у Ислом Каримов дар натичаи сафархо ба кишвархои пешрафта, аллакай дарк карданд, ки хеч як кишвар бидуни робита ва муносибати хуб бо хамсоякишвархо наметавонад пеш равад. Барори кор ба чаноби Рахмон ва фарзандаш Рустами Эмомали ва хамаи дигар аьзоени Хукумат!Хамеша боумед бошед, мардуми азизи кишвар!!!

Восе
Нисфи мардумро фиреб додан мумкин вале хамаро фиреб дода намешавад.
Шумо точиред ки дар пушти сиесат пинхон шудаед. Чаноби Кабири аз Худо битарс.

nom
tavakkali davlatmon ba Alloh, Alloh hdsh alish nakna na Kabiri bo kushishhoi buzurgash na vayo alish kada nametonan,

Бисёр ташбеҳи мувофиқ. Бафикам бо таъини писару духтару домодҳо ба мансабҳои давлатӣ сулолаи шоҳигарӣ ташаккул меёбад. Дигар ҳоҷати интихобот ҳам нест. Ин маблағҳоро ба некуаҳволии мардум сарф кунанд манфиаташ беҳтар буд, аз интихоботҳои қалбакӣ, ки ба чашми мардум хок пошиданро мемонад.

муслим
рахмат Кабири! Рост мегант ки гапт дигарай корот дига. Дига мардума ба савсатахонит гумрох накун. Роху рафторат холисанлиллох нестай.........

Кабири агар касби актериро ихтиер мекард холо дар голивуд мебуд
лекин агар маро ягон вазифа мансаб диханд бе маош омодаи хизатам барои халку милат лекин танхо дар гумрук андоз додгох бонк

ватан
Кабири хилаву найрангро бас кун ба рохи рост даро ки ин рохи Худо аст.

Шахрванд
Э маракои назарнавис! И гуфтахои Кабириро хор надоред. Хамaаш дурустанд. Чи респeкт Рустам мегуед.

haqiqatgu
Janobi Kabiri az Xudo bitars va korat ba mansabi Rustami Emomali naboshad. Dar amal didem chi guna raftor kardi...

Авало Худованд хидоят кунад одами бад бинро ва хидоят кунад одами тухматчиро мардуми азиз то ба кай найрангбози хукуматдорон гуш мекунед? магар шумо аз акл бегона шудаед? мардуме ки кариб бист сол шуд сар сону саргардонай барои як бирида нон ин хукумати мо агар хаминхел рафтан гирад оЯндаи фарзандони мо чи мешавад дар ягон чои дуняви ин хел хукумат нест магар чаноби президента инро фикр намекарда бошад ки то бакай мардуми мухочир азобу машакат КАШИДАН аробаи зиндагиро пеш бурдаистодааст на хукумат ва на чаноби президент мо аз президент як хохиш дорем ки мо мардуми точикро хаму одам кабул кунад зеро дар руссия гайри ТОЧИК хама пуштибони мекунанд мо точикон аз дасти ин хукумат сохиб надорем вой бар милате ки президенташ дар фикри !халкаш нест ФАРДО ЧИ ЧАВОБ МЕОУЕД? ЧИ ТУ ТАНХО ПИСАРАТРО ДУСТ МЕДОРИ МУХТАРАМ ЧАНОБИ Э. РАХМОН озодагон чоп кунед зеро захмат кашидаям

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)