УЕФА мехоҳад, ҳангоми таъини пеналтӣ корти сурх пешниҳод нашавад
УЕФА, Иттиҳоди ассосиатсияҳои футболи Аврупо аз Шӯрои ҷаҳонии анҷуманҳои футбол ё IFAB, ки ҳаққи тағири қавоиди бозиҳоро дорад, тақозо кардааст, пешниҳоди корти сурх ба ҳангоми таъини пеналтиро барҳам диҳад. Дар ин бора хабаргузории Франс Пресс бо такя ба иттилои дабири кулли УЕФА Ҷанни Инфантино хабар додааст.
Инфантино барои як қоидавайронкунӣ якбора се ҷазо гирифтани тим, ба мисли таъини пеналти, аз идомаи бозӣ маҳрум шудан ва ба таври автоматӣ ҳади аққал аз ширкат дар як бозӣ маҳрум гаридидани бозигареро, ки корти сурх гирифтааст, ноадолатӣ хондааст.
УЕФА пешниҳод кардааст, ҳангоми нақзи қоидаи бозӣ дар ҷаримагоҳ танҳо корти зард пешниҳод шавад, то футболбозе, ки қоидаро вайрон кардааст тавонад бозиро идома диҳад.
Қаблан Мишел Платини, президенти УЕФА низ изҳор дошта буд, ҷонибдори барҳам додани пешниҳоди корти сурх ҳангоми пешнищоди пеналти аст. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |