Ташвиши Низомиддин Зоҳидов аз исломҳаросӣ дар ҷаҳон
Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, аз густариши исломҳаросӣ дар ҷаҳон ва паёмадҳои нохуби он ибрози ташвиш кардааст.
Зоҳидов дар иҷлоси 40-уми Шӯрои вазирони умури хориҷии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (OIC) зимни суханронии худ ба масоили исломҳаросӣ дахл карда гуфтааст, густариши он на танҳо боиси танишҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон шуда, балки ҷилвае аз ҷанг байни мазоҳиб ва тамаддунҳо мебошад. Ин дипломати тоҷик иброз намудааст, “бурдбории мазҳабӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ, заруртарин ниёзи ҷаҳони муосир мебошад”. Ба гуфтаи Зоҳидов, ҳадафи инҳо кумак ба ҳамзистии мусоламатомези миллату ақвом ва гуфтугӯи тамаддуну фарҳангҳо мебошад.
Муовини вазири умури хориҷии кишвар дар ин нишаст, ки рӯзҳои 9 ва 11 декабр дар шаҳри Конакри Гвинея баргузор шуд, мавқеи Тоҷикистон нисбат ба масоили аслии ҷаҳон, бахусус масъалаи Фаластин, рушди ихтилофи мазҳабӣ ва нажодӣ дар ҷаҳони Ислом, тақвияти равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узви ин созмонро равшан кардааст.
Низомиддин Зоҳидов аз омодагии Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ барои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ хабар додааст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |