Сар медиҳаму намедиҳам сар. Навори нав дар бораи "облава" (ВИДЕО)
Ҳуқуқшиносони гурӯҳи ташаббускори “Ампаро" навори нави видеои “облава”-ро, ки чанде қабл вориди саҳифаи Ютуб шудааст, таҳқиқ мекунанд. Ин навор аз даъвати маҷбурии як ҷавони тоҷик ба сафи артиш қисса мекунад, ки макону замон ва қаҳрамонҳояш маълум нест.
Рустам Гулов, яке аз ташаббускорони “Ампаро” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, онҳо тасмим гирифтаанд, ин наворро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд ва ҳоло дар бораи макони ҳодиса қаҳрамонҳои он маълумоте надорад. Дар ин навор дида мешавад, чигуна афроди либоси низомӣ дар бар дошта, мехоҳанд, ҷавонеро ба сафи артиш ҷалб кунанд, ки модари худро сахт ба оғӯш гирифта, фаҳмида мешавад, ҳаргиз хоҳиши рафтан ба хидмати ҳарбиро надорад.
Масъалаи даъвати иҷборӣ ё “облава” ҳамеша мавриди баҳси ҷомеаи Тоҷикистон қарор доштаасту дорад. Худи масъулони Вазорати дифоъ ҳам вуҷуди “облава”-ро таъйид карда, аммо гуфта буданд, даъвати маҷбурӣ танҳо дар сурате роҳандозӣ мешавад, ки агар ҷавонон аз хидмати низомӣ саркашӣ кунанд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |