Бахшҳо

Ташбеҳи Зайд Саидов ба Нелсон Мандела дар додгоҳ

Иқтибоси кӯтоҳ аз баромади ниҳоии Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари боздошт шудаи Тоҷикистони нав дар додгоҳ.

“…Мегӯянд зиндагӣ ифодагари рамзҳост. Бисёр чизест, дар назари аввал туфайливу тасодуфӣ. Вале оқилу доно, рамузфаҳму рамзошно дар онҳо қонуниятҳоеро кашф мекунад, ки калиди дарки моҳияти зиндагиянд.

Ҳамон рӯзе айбдоркунандаи давлатӣ бо як сабукии густохона вақте 28 соли маҳрумӣ аз озодиву мусодираи молу мулк ба зерҳимояи маро аз додгоҳ дархост кард, яке аз бузургтарин шахсияти таърих олами фониро падруд гуфт ва имрӯзҳо қариб тамоми инсоният ин реҳлатро мусибати худ донистаанд. Чанд кишвар дар қаламравашон мотами тӯлонӣ эълон карданд. Абарқудраттарин мамолик парчами давлатиашонро пойин фуроварданд.

Ба эътирофи умум, ин гуна шахси мубориз, озодипарвар, инсондӯст, сарсупурдаро таърихи 1000 соли инсоният ёд надорад. Бале, Нелсон Мандела дар назар аст, ки ӯ низ барои амали имрӯз муҷиби таҳсин ва мадҳу саногаштааш замоне 27 сол аз озодӣ маҳрум буд. Бубинед, чӣ қадар ба ҳам наздиканд, ин ду рақам 28 ва 27. Яке фавтид ва дигареро худи ҳамон рӯз аслан ба марг ҳукм карданд, зеро 28 сол барои оне, ки оҷизу бемор аст, ҷуз ҳукми марг, чизи дигаре нест.

Бубинед, чӣ монандие доранд, ду тақдир - тақдири ашхосе, ки фақат хостанд рӯзгори мардуму миллати хешро беҳбудии бештаре насиб бишавад. Тасодуф нест. Паси ин рақамҳо як қувва ҳаст, ки онро ном зулму золимист, ки аз ҳидояти шайтону иблис маншаъ мегирад. Мехостам, як қиёси ниҳоиро дар ин қисса пеши назар биёрам. Ва бипурсам: ҳамонҳое, ки ҷабру зулму ситами 27-соларо ба марҳум Нелсон Мандела раво диданд, ба чӣ гирифтор шуданд, дар чӣ ҳоланд ва агар рӯйи замин ҳастанд, чӣ қисмати баде онҳоро гирифтор аст? Ва ҳоли онҳое, ки аз он ситам низ соле зиёд, яъне 28 соли маҳрумиятро барои қаҳрамони фоҷеаи имрӯзаи миллати тоҷик - Зайд Саидов таманно доранд, пагоҳ чӣ мукофоти амале аз Парвардигор интизор аст? Фармудаанд, яке аз оқибати ду амал, ки дар ҳамин дунё инсонҳоро домангир мешавад, зулм бувад, ки яке аз шевааш туҳмат аст.

Мӯҳтарам додгоҳ! Ба Шумо қозиён, ки тақдири мардум бо қазою қадар дар дастатон аст, як ҳадиси пайғомбар (с)-ро бояд оварам: “Агар дар дилатон камтарин шубҳае бошад авф кунед, ҳатто хато кунед ҳам, зеро хато карда авф кардан беҳтар аст аз хато карда ҷазо додан.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
rustam
paaah u raft josha ira doden ... dar tjk hama qahramonu begunohay

Э Р
Саидов Нелсон Шерович.хахахахахахахахахахахаххахахааха

sherkhon
Сорбон
Шухрат хуб афсона мехонй-да. Хай мардак гунох кардас, чазо мегирад. Ун судяхо хам дурак нестанд-ку. Тибки конун баррасй мекунанд ва бахо медиханд. Нелсона чазо додагихо жоло хам кайф када гаштиян. Ягонташа мучозот накардан ку!

Sorbon
xaxaxaxaxa egaaa sof Nelson Mendelash brovarden ku)) Tovba i tojiki mo ajoibai da

Агар инсон дар ҳаёташ барои мақсади муҳиме мубориза барад ва ба мақсадаш комёб шавад аз ин дунё осуда беравад.
Ман, ҳамин рузҳо дар шаҳри Претория сайру гашт карда мебинам ки мардум агарчанде ки аз вафоти доҳи ва муборизи озодии худ ғамгинанд , вале боз ҳам худашонро хушбахт ва хушҳол вонамуд мекунанд.
Мутаасифона Нелсон Мандела мусалмон набуд, вале бисёр сифатҳои хуби инсониро дошт. Марди қавиирода буд ва барои амри маҳол яъне мубориза бар зидди нажодпарастон бархест ва зиндагии худро қурбони ин амри маҳол ки баъдан кори осон намуд гардонид.
Барои ҳамин агар акаи Зайд қавиирода бошад ва баро ҳақу озоди мубориза барад , иншоаллоҳ комёб хоҳад шуд.

Ҳуқуқдон
Ҳарфҳои Шуҳрат Қудратовро танҳо мусалмони ҳақиқӣ қобили дарк кардан дорад. Суханҳои ҳақ гуфтааст. Мутаассифона Зайди мо қурбони сиёсат гашт.

Мухаммад
Зайдро чиву сиёсат чи.

Абдуллох
Машааллоh.Голибият насиби hак hамеша ё имруз ё фардо....

карим
Сорбон,
дуракан как ту

Сафсата нахонед дар додгох вакил! Ин сафсатахо хукми 28 соларо тагир намедихад. Хубтараш ягон далел биёред.

Банда якчанд мох пеш дар як шарх навишта будам, ки мисли Нелсон Мандела мешуд, агар як хати хакиртабъонаро наменавишт. Шумо нав ин мавзуъро мекобед. Иродаи Манделаро хар кас надорад. Зайд сусти кард. Лекин бигзор Мандела набошад, Зайд аст. Номи неки худашро дорад.

Хамин сорбон чохилай. Сухане гу то илхом бигиранд,ё хомуш бош то Инсонат донанд!

Душанбе
Зайд як одами чабрдида аст ва уро бояд дастгири кард. Аммо бо Мандела ташбех додан хандаовар аст. Мандела сиёсатмадори бечорапарвар буд. Зайд бошад дар хизмати Рахмонов буд ва дар замони озодияш парвои камбагалхо надошт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)