Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон барои нахустин бор масоили будубош ва рӯёнидани ҳаққулзаҳмати муҳоҷирин баррасӣ ва барои ҳалли он талоши ҷиддӣ кардааст.
Баъди расидани аризаи шикоятии 20 нафар тоҷикон дар хусуси пардохт нашудани хаққи корашон аз сўи ширкати ООО «Консумек» ин хадамот дар якҷоягӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо раҳбарияти ин ширкат гуфтушунид анҷом дода, 617 ҳазор рубли ҳаққулзаҳмати ҳамватанони моро рўёнидаанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» дар сафорати Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар аксари мавриди ба миён омадани чунин мушкил асосан ҷурми худи муҳоҷирин будааст, ки ҳаққи худро намедонанд ва забони маҳаллиро балад нестанд. Кордиҳандаи рус аз ин хало баҳузур истифода мекунад. Аз ин рӯ, кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтаанд омўзиши ҳуқуқ ва забони русиро миёни муҳоҷирини тоҷик вусъат бахшанд, гуфт манбаъ.
Ин манбаъ бо муроҷиат ба муҳочирини тоҷик гуфт, онҳо пурра омодаанд, то ҳама мушкилоти онҳоро ба таври оҷил барраси намоянд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегўянд, чунин вусъат пайдо кардани фаъолияти масъулини Тоҷикистон дар самти муҳоҷират ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба пахши навори ҳангомабарангези латукўби 1 тоҷик аз сўи скинҳедҳои рус рабт доштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Борис Гризлов, раиси порлумони Русия дар мусоҳибаи ахири худ бо «Независимая газета» ҷорӣ кардани низоми раводидро барои муҳоҷирини тоҷик зарурати аввалин шуморидааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр