Таҷлили "Рӯзи бетарафӣ" дар Туркманистон
Дар Туркманистон рӯзи 12 декабр ҳамасола ҳамчун “Рӯзи бетарафӣ” таҷлил мешавад. Тибқи дастури Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ин рӯз истироҳат эълон шудааст.
Дар баёнияи раисиҷумҳури Туркманистон, ки дар Конфронси байналмилалии Ашқобод таҳти унвон “Бетарафии Туркманистон: Стратегияи рушд ва тавсеаи пойдории сулҳ”қироат шуд, аз ҷумла омадааст, “рӯзи 12 декабр дар таърихи мардуми туркман бисёр як рӯзи муҳим ва ёдмон маҳсуб мешавад.”
Инчунин дар ин баёния қайд шудааст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 18 сол пеш қатъномаеро дар мавриди ба расмият шинохтани Туркманистон ҳамчун узви доимии бетарафи худ ба тасвиб расонидааст. Ин санад аз дигар кишварҳо талаб менамояд, ки ба вазъияти ҳуқуии Туркманистон эҳтиром гузошта, аз он ҳимоят кунанд.
Рӯзи 12 декабри соли 1995 дар 50-умин иҷлоси Маҷмаи умумии СММ санади бетарафии Туркманистон ба имзо расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |