Бахшҳо

Марги сокини 22-солаи Душанбе ҳангоми таркише дар Яман

Бино ба хабарҳое, ки дастраси "Озодагон" шуд, чор шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи гузашта ҳангоми таркиши масҷиде дар Яман ба ҳалокат расидаанд. Яке аз инҳо Ҳаким, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, будааст.

Субҳон, бародари Ҳаким, рӯзи 12 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин хабарро тавассути телефон ба онҳо расондаанд ва маълум нест, оё ҷасади додараш ва ҳамроҳони ӯ ба Тоҷикистон интиқол хоҳад ёфт, ё на. Чаро ки, ба гуфтаи ӯ, интиқоли ҷасад аз Яман таҳияи асноди зиёд ва маблағи бештаре мехостааст.

Марги сокини 22-солаи Душанбе ҳангоми таркише дар ЯманСубҳон мегӯяд, додараш Ҳаким як соли қабл ба нияти таҳсил ба он ҷо рафта, қасд надошт, бо ягон гурӯҳ ҳамкорӣ бикунад. Вай бовар дорад, додараш танҳо қурбони таркиш дар масҷиде дар Яман шудааст. Ҳоло наздикон ва дӯстони хонаводаи Ҳаким бо шунидани хабари марги ӯ дар Яман ба манзили волидонаш, ки дар Душанбе воқеъ аст, омада, изҳори тасаллият мекунанд. Вақте хабарнигори “Озодагон” ҳам ба он ҷо рафт, гуруҳе аз наздикони Ҳакимро дар назди дарвозаашон дид.

Бо ин ҳол Субҳон гуфт, ҳамроҳи додараш се сокини шаҳри Конибодоми виляоти Суғд низ будаанд, ки онҳо низ ҳалок гаштаанд. Қаблан, яке аз наздикони Ҳаким ба “Озодагон” гуфта буд, ки ӯ дар Русия ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият дошт, аммо моҳи феврали соли равон бо пешниҳоди як ҳамсояашон ба Яман рафт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ААА
Хамин гуна хабархои беасосу подархаворо нагузоред, зеро шахсоне, ки дар кишвархои араб хешовандон доранд талхакаф мешаванд аз хондани чунин хабархо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)