Нигаронии Хоманаӣ аз бетаваҷҷӯҳӣ ба забони форсӣ

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, аз бетаваҷҷуҳӣ ба забони форсӣ ва зери таъсири вожа ва ибораҳои бегона қарор гирифтани он нигаронӣ кардааст. Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи 10 декабр дар мулоқот бо раис ва аъзои Шӯрои олии инқилоби фарҳангии кишвараш гуфтааст, корбурди ном ва таъбирҳои бегона дар ҳоли афзоиш буда, ҳатто дар масоили марбут ба кӯдакону наврасон низ дида мешавад.
Ба гуфтаи Хоманаӣ, мардуми Эрон дар ҳоле аз вожа ва истилоҳоти забонҳои бегона истифода мебаранд, ки муодили онҳо дар забони форсӣ дида мешавад: “Кор то ҷое расидааст, ки мардум аз истифода накардани таъбирҳои забони фарангӣ эҳсоси хиҷолат мекунанд.”
Ин мақоми эронӣ хостори муборизаи ҳакимонаи Шӯрои инқилоби фарҳангии кишвараш бо ин раванд шуда, таъкид кардааст, барои тақвияту густариш ва таҳким бахшидани забони форсӣ дар ҳамагуна заминаҳо талош карда шавад. Инчунин, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар ин вохӯрии худ ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллии мардуми кишвараш дахл карда, хостори мубориза бо мавридҳои таҳоҷуми фарҳангҳои бегона шудааст ва дар ин замина нақши садову симо ва Вазорати фарҳанг ва иршоди кишварашро калидӣ хондааст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ ба Вазорати иршоди Эрон тавсия додааст, ки нашри китоб, тарҷумаи китобҳои муфид, тавлиди филмҳои синамоии ҷаззоб бо такя бар зарфиятҳои болои сохти филм ва тавлиди бозиҳои компютерии муфид ва ҷаззобро бештар дар дастури кори худ қарор диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |