Президенти нави Академияи улум хостори ҳамкории бештар бо Чин шуд
Фарҳод Раҳимов, президенти нави Академияи илмҳои Тоҷикистон, зимни мулоқот бо Ли Ҷен Сен, ноиби президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин хостори рушди ҳамкориҳои бештари ин ду академия шудааст.
Тибқи иттилои Академияи улуми Тоҷикистон, дар мулоқот Раҳимов аз ёддошти тафоҳуме, ки 13-уми майи соли равон миёни академияҳо ба имзо расида буд, ёдовар шуда, пешниҳод намуд, ки барои беҳтар намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи академияҳо, гуруҳи корӣ ташкил гардад.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод шудаст, ки дар мавзӯи терроризм ва экстремизм анҷумани муштарак дар Тоҷикистон доир гардад.
Ба иттилои манбаъ Ли Ҷен Сен пешниҳодҳои Академияи илмҳои Тоҷикистонро қабул намуда, иброз доштааст, ки бо сафорати Тоҷикистон ҳамкориҳои хуб доранд ва ҳар сол дар Академия илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мизи мудаввар оид ба рушди ҳамкориҳо баргузор менамоянд.
Дар ин мулоқот ҷанбаҳои ҳамкории илмии ин ду академия матраҳ гардида, гуфта шуд, ки то моҳи марти соли оянда гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб бояд лоиҳаи созишномаи ҳамкориро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |