Фавти сокини 64-солаи Тоҷикистон аз сактаи қалб дар Туркия
Ҷасади модари 64-солаи тоҷик, ки дар шаҳри Истанбули Туркия фавтида буд, ба Ватан оварда шуд.
Тибқи иттилои пайвандони марҳум, Р. Очилова, ки муваққатан дар Истанбул ба сар мебурд, гирифтори бемории қалб буда, шоми 9 декабр дар роҳ ба беморхона бар асари сактаи қалб ҷон бохтааст.
Ҷасади марҳум Очилова рӯзи 11 декабр бо кумак ва дастгирии бевоситаи консулгарии Тоҷикистон дар Туркия ва намояндагии Ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” дар фурудгоҳи “Отатурк”-и шаҳри Истанбул ба зодгоҳаш - шаҳри Хуҷанд инқол дода шудааст.
Пайвандони Очилова аз кумаки намояндагии Тоҷикистон дар Истанбул ва Ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” барои интиқоли ройгони ҷасад ба ватан ибрози миннатдорӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |