VIDEO: Умедвории Хайрулло пас аз баромади ниҳоии падараш
Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, изҳори умед кард, ки додгоҳ нисбат ба падараш қарори одилона бароварда, ӯро “сафед” хоҳад намуд.
Вай рӯзи 11 декабр, баъд аз баёни сухани охирини падараш дар додгоҳ, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, “ҳабси афроде чун Зайд Саидов бар зарари имиҷи Тоҷикистон буда, раҳоияш ҳатто ба обрӯи раисиҷумҳур хоҳад афзуд”. Хайрулло Саидов, ки ҳангоми баромади ниҳоии падараш дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ буд, гуфт, Зайд Саидов монанди вакилони мудофеъ тамоми иттиҳомро нукта ба нукта ишора кардаву тафтишоти парвандаҳояшро нопурра хондааст. Оқои Саидов афзудааст, барои аз озодӣ маҳрум кардани ӯ далелҳои кофӣ вуҷуд надорад.
“Падарам ҳам ҳеч далеле барои боздошти худ пайдо накард. Вай гуфт, умедвор аст, додгоҳ дар хонаи машваратӣ ба ин норасоии парванда аҳамият хоҳад дод. Падарам дар вақти баромади худ ҳам ба айбдоркунандаҳои давлатӣ ва ҳам ба додгоҳ муроҷиат кард, ки вақте барои 28 сол маҳрум аз озодиро матраҳ мекунанд, бояд ҳадди ақал ҳамон қонунҳои мавҷударо риоя кунанд”,-илова кард писари бузурги Зайд Саидов.
Хайрулло Саидов гуфт, падараш аз айбдоркунандаҳои давлатӣ ва додгоҳ хостааст, иттиҳоми пешниҳодшударо исбот карда, баъд ҳукм бароранд. Хайрулло гуфт, яке аз суханони падараш дар додгоҳ ин буд, ки “агар маҳкам кардани ман барои давлат ва миллат кумак бикунад, омодаам, ҳатто барои ин миллат бимирам”.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |