Сухани ниҳоии Зайд: "Агар ҳабси ман ба фоидаи давлат бошад, бигзор ҳабс кунанд"
Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, рӯзи 11 декабр дар додгоҳ 2,5 соат сухани ниҳоияшро иброз дошта, ҳамаи иттиҳомоти мақомотро алайҳи худ тӯҳмат номидааст.
Зайд Саидов гуфтааст, дар ягон ҷинояте даст надорад ва таъкид намудааст, "агар ҳабси ман барои ин миллат ва давлат ягон фоидае дошта бошад, бигзор ҳабс кунанд." "Ягон бор ба давлату миллат хиёнат накардаам ва омодаам, барои ин миллат ҷони худро фидо кунам",-афзудааст ӯ. Оқои Саидов дар сухани ниҳоии худ, инчунин, таъкид карда, ки аз азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав даст нахоҳад кашид.
СӮҲБАТИ ШӮҲРАТ ҚУДРАТОВ ВА ХАЙРУЛЛО САИДОВ:
Айни ҳол ба иттилои вакилони дифои Зайд Саидов, додгоҳ барои қабули қарор нисбат ба нафари таҳти ҳимояташон ба хонаи машваратӣ рафтааст. Онҳо афзуданд, маълум нест, қабули қарор дар хонаи машваратӣ чӣ қадар давом хоҳад кард, чун қонунгузорӣ ягон мӯҳлати дақиқро муқаррар нанамудааст.
Ин дар ҳолест, ки Шӯҳрат Қудратов, Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров, вакилони мудофеи Зайд Саидов, қаблан дар додгоҳ баромади ниҳоӣ карда, бар хилофи намояндаи додситонӣ хостори қатъи парванда ва озод гардидани нафари таҳти ҳимояташон шудаанд. Абдусамеъ Додобоев, намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ, рӯзи 5 декабр аз додгоҳ хоста буд, Зайд Саидовро барои 28 сол равонаи зиндон кунад.
Вакилони мудофеи Зайд Саидов ин талаби додситонро, ки бар асоси моддаҳои 319, қисми 4 (порагирӣ), 247, қисми 4 (қаллобӣ) 170 (чандҳамсарӣ), 138 (таҷовуз ба номус) ва 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) нафари таҳти ҳимояташонро муҷрим эълон кардааст, ноадолатона шумурданд. Ба гуфтаи вакилон, айбдоркунандаи давлатӣ инчунин талаб кардааст, ки молу амволи Зайд Саидов мусодира гардад ва ӯ баъд аз адои муҳлати ҷазо барои 5 сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум шавад.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуд. Мақомот ӯро дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешуморанд. Мурофиаи ӯ моҳи сентябр паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ шурӯъ шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |