Пешниҳоди вакилии Муҳиддин Кабирӣ ба парлумон
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, пешниҳод намудааст, намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, ки дар парлумон курсӣ доранд, бо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия вохӯриҳои муштарак анҷом диҳанд.
Ин намояндаи мардумии тоҷик рӯзи 9 декабр дар ин бора расман ба Шӯрои Маҷлиси Намояндагон пешниҳоди вакилӣ кардааст. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, ин иқдоми ӯ дар асоси хоҳиши муҳоҷирони меҳанати тоҷик дар қаламрави Русия сурат гирифта, ҳадафи онро чунин шарҳ додааст: “Ин пешниҳод ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагон бо он асоснок шудааст, ки дар Русия бештар аз як миллион интихобкунанда кору зиндагӣ мекунад ва мулоқоти муштараки вакилон бо онҳо эътимоди бештари мардумро ба мақомоти давлатӣ ба вуҷуд меорад.”
Ин чунин Муҳиддин Кабирӣ илова менамояд, ки сафар ва вохурии намояндагони мардумии тоҷик бо муҳоҷирон барои шиносоии беҳтар ва хабардор шудан аз вазъи ин шаҳрвандони кишвар дар хориҷ мусоидат хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран раиси ҲНИТ дар доираи як сафари ғайрирасмӣ ба бархе аз шаҳру вилоятҳои Русия сафар карда, бо муҳоҷирони кории Тоҷикистон мулоқот ва вохӯриҳо анҷом дода буд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |