Боз як чеҳраи наздик ба Гулнора Каримова пушти панҷара рафт?
Нашрияи “Даракчи” дар Узбакистон аз фаъолият бозмондааст. Торнамои ин газета -- darakchi.uz ҳам шурӯъ аз рӯзи гузашта фаъол нест.
Бино ба иттилои расида, кормандони ин нашрия ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд. Ҳанӯз аввалҳои моҳи ҷорӣ бархе расонаҳо аз сару садоҳо дар мавриди бастани ин нашрия навиштанд. Он вақт гуфта шуд, ки кормандони ниҳодҳои мухталиф зуд зуд барои санҷиши фаъолияти ин нашрия меоянд, вале масъулини "Даракчи" ин ҳамаро беасос хонда буданд.
Бунёдгузори “Даракчи медиа Пресс”, ки нашрияи “Даракчи” ба он таалуқ дорад, Фирдавс Абдухолиқов аст, ки гуфта мешавад ба доираи наздикони Гулнора Каримова, духтари президент Ислом Каримов наздикӣ орад. Қаблан хабар расид, ки баъд аз нашри мақолаи сиёсатшинос Усмон Хақназаров дар мавиди низои Ислом Каримов ва духтаронаш мақомот Фирдавсро ба вилояти Самарқанд барои пурсуҷӯ даъват кардаанд.
Солҳои ахир Фирдавс Абдухолиқов дар чорабиниҳои созмони Фонди Форум, ки онро Гулнора Каримова раҳбарӣ мекунад, ширкат фаъол дошт. Баъди он ки дар Узбакистон дар пайи низои оилавии Каримов шабакаҳои телевизионии Гулнора аз фаъолият бозмонд, чеҳраи Абдухолиқов матраҳ шуд. Дар мақолаи Ҳақназаров гуфта мешуд, шояд ин навбат ӯ маврии ғазаби раҳбарони давлат қарор бигирад.
Бо ин ҳол хабарҳое ҳаст, ки Абдухолиқов мисли дигар чеҳраҳои наздик ба Гулнора Каримова ҳоло дар боздошт аст.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |