'Zamondosh' аз болои Гулнора Каримова шикоят бурданист
Торнамои “Zamondosh” қасд дорад, аз болои Гулнора Каримова, духтари калони президенти Узбакистон ба додгоҳ шикоят барад.
Дар сайти “Замондош” гуфта мешавад, ки ин тасмим ба мусоҳибаи ахири Гулнора Каримова бо рӯзномаи “Ҳуррият”-и Туркия марбут аст. Духтари Ислом Каримов дар он мусоҳиба изҳор дошта буд, ки “Zamondosh” аз сӯи Юрий Савинков, полковники Хадамоти амнияти миллии Узбакистон таъсис ва маблағгузорӣ мешавад.
“Бояд зикр намуд, ки сайт ва муассиси он Ризо Обидов ҳеч гоҳ ва аз ҳеч кас кумаки молӣ, грант ва ба монанди инро нагирифтаанд. Поягузори сайт журналисти мустақил Ризо Обидов аз хонуми Каримова тақозо мекунад, ки барои буҳтон ва дуруғ тариқи ВАО бахшиш пурсад. Дар сурати дигар мо маҷбурем ба додгоҳ муроҷиат кунем”, - навиштааст “Замондош”.
Аммо дар идома гуфта мешавад, ки намехоҳанд тавассути расонаҳо дар ин маврид маълумоти бештар ироа кунад: “Бигзор ба ин мавзӯъ суд нукта гузорад. Дар ҳар сурат Гулнора Каримова бояд барои ҳамаи корҳои зиди мардуми Узбакистон анҷомдодааш назди додгоҳ ҷавоб гӯяд”.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |