“Она меня раздражает” Ё дари баста ба рӯи модари Аниса
Як сокини шаҳри Душанбе аз бархӯрди номуносиби маъмурияти мактаби миёнаи рақами 14-и пойтахт бо волидайни донишомӯзон шикоят дорад. Гулдаста Ҳайдарова, ин сокини пойтахт, мегӯяд, маъмурияти таълимгоҳи мазкур ба ӯ иҷоза намедиҳанд, то дар яке аз дарсҳои фарзандаш - Аниса, хонандаи синфи 3-и мактаби миёнаи №14, иштирок кунад.
Хонум Ҳайдарова рӯзи 10 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, маъмурияти ин таълимгоҳ ба ӯ гуфтаанд, “ту наметавонӣ дар дарси тарбияи ҷисмонии фарзанди худ иштирок намоӣ.” Ба гуфтаи ин модари тоҷик, маъмурияти таълимгоҳ ба ӯ сабаби ин мамнӯиятро шарҳ дода, изҳор намудаанд, ки муаллим мегӯяд, хонум Ҳайдарова набояд, дар дарсҳои ман иштирок кунад, чун “она меня раздражает.”
Аз сӯи дигар, маъмурияти таълимгоҳ ба хонум Ҳайдарова гуфтаанд, ҳар волидайне, ки мехоҳад дар яке аз дарсҳои фарзандаш иштирок намояд, сараввал ӯ бояд ба раҳбарияти мактаб ариза пешниҳод кунад: “Азбаски Шумо ба мо ариза нанавиштаед, мо ҳаққи иҷоза доданро надорем.”
Модари Аниса меафзояд, дар ҳоле тасмим гирифтааст, дар яке аз дарсҳои фарзандаш иштирок кунад, ки вақтҳои охир духтари ӯ аз муаллими тарбияи ҷисмонӣ бисёр шикоят дорад. Аниса гуфтааст, ин муаллим пайваста ӯро ба хотири ранг ва навъи сару либосаш миёни ҳамсабақон мавриди мазамат қарор медиҳад. Мо барои дарёфти шарҳи маъмурияти мактаби рақами 14-и пойтахт тамос гирифтем, вале онҳо аз гуфтани ҳарфе дар ин замина худдорӣ карданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |