5 нафар аз неруҳои полиси Диёркбар бар асари партоби бомбҳои кучаки дастсоз маҷруҳ шуданд ва яке аз бонкҳои бузурги Юкесково ба таври комил ба оташ кашида шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Ҷаҳон» ба дунболи он, ки дар нооромиҳои рӯзҳои ахир дар шаҳри Юкесковои вилояти Ҳакорӣ, 2 ҷавони курд ба дасти неруҳои полиси Туркия кушта шуданд, мавҷе аз нооромиҳо дар чанд шаҳри курднишин шакл гирифт.
Ин манбаъ навишт, дирӯз гуруҳе аз аъзои ҳизби сулҳ ва демократия ва ҳаводорони ҲКК(Ҳизби коргарони Курдистон) дар Диёрбакр роҳпаймоӣ карданд ва роҳ надодани онон ба яке аз хиёбонҳои аслӣ, боиси даргирӣ байни полис ва ҷавонон шуд. Бинобар иттилооте, ки аз ҳукумати Диёрбакар дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифт, 3 нафар аз ҷавонони узви шохаҳои махфии ҲКК, ки худро дар сафҳои раҳпаймоикунандагон ҷо дода буданд, ба суи неруҳои полис чанд бомби дастсози кучак ва норинҷаки садодиҳанда андохтанд, ки бар асари таркиши бомбҳо, 5 полис маҷруҳ шуда ва ба бемористон интиқол ёфтанд.
Дирӯз ҳамчунин дар шаҳри Юксеково яке аз бонкҳои бузурги ин шаҳр тавассути гуруҳе аз ҷавонони узви ҳизби сулҳ ва демократия ба оташ кашида шуд ва компютерҳо, дастгоҳҳои пулдиҳанда, сандалиҳо ва дигар таҷҳизоти бонк ба таври комил аз байн рафт.
Ҳасиб Копулон, намояндаи мардуми Шарнох ва аз сарони ҳизби сулҳ ва демократия ба расонаҳо гуфт, куштани 2 ҷавони курд аз суи неруҳои амниятӣ, ба монанди он аст, ки аз пушт ба музокироти сулҳ байни ҲКК ва Туркия ханҷар зада шавад.
Абдуллоҳ Уҷолон раҳбари зиндонии ҲКК дирӯз дар дидор бо 3 намояндаи курд, паёми тасаллияти худ барои хонаводаҳои 2 кушташударо баён дошт.
Мӯҳр