Бахшҳо
10 дек 2013 12:23Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Файзиннисо Воҳидова: "Иттилои Вазорати дохила дурӯғ аст"

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ, иттилои Вазорати умури дохилиро дар бораи барканории маъмурони пулис дар пайи аз ошёнаи 3-юм ба замин партофтани Умедҷон Тоҷиев, як сокини ноҳияи Исфара, дурӯғ номид.

Воҳидова гуфт, ба иттилои ВКД гӯиё 5 корманди пулиси шаҳри Исфара дар пайи аз ошёнаи 3-юм худро партофтани Умедҷон Тоҷиев аз кор озод шудаанд, ки асоси воқеӣ надорад. Ӯ афзуд, ки айни ҳол ҳамаи кормандони шуъбаи умури дохилии Исфара дар ҷойҳои худ кор карда истодаанд ва санҷише ҳам дар ин самт пеш нарафта истодааст.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Зуҳур Иброҳимов, ки ҳамроҳ бо Тоҷиев дар узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам мешавад, афзуд, ки ахиран бо Тоҷиев низ суҳбате доштааст: “Се соате, ки дирӯз, 9-уми декабр, бо онҳо будам Умед Тоҷиев мегиристу, мегуфт гунаҳгор нестам, маро лату куб карданд. Лекин бо вуҷуди ин ҳама азобу шиканҷа ӯ ягон нишондоди иқрорӣ надодааст.” Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ, моҳи гузашта аз беморхонаи Исфара ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол ёфт. Ӯ 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, баъдан ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ айбдор гардид.

Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад. Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабар аз барканории чанд тан аз кормандони пулиси Исфара дар робита ба ин қазия хабар дод. Масъулон ин ниҳод гуфтанд, бемасъулияти ин афрод сабаб шудааст, ки Тоҷиев худро аз тирезаи Шӯъбаи корҳои дохилӣ ба зер афканда ва маҷруҳ кунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Исфараги
Вакте макомоти боло худашон ин корро супориш додаанд худашон дар ин кор даст доранд чигуна кормандонашонро аз кор озод мекунанд?

Руз то руз нафрат нисбати кормандони ВКД афзуда истодааст. Ин нафрату бадбини дар дили аксарияти шахрвандон зиёд шавад баъд чи мешавад?

Бародар Абдурахмон! на танхо нафрат нисбати кормандони ВКД афзуда истодааст, балки ин нафрат ба одамони сатхи болои низ афзуда истодааст.

Бародар Абдурахмон! на танхо нафрат нисбати кормандони ВКД афзуда истодааст, балки ин нафрат ба одамони сатхи болои низ афзуда истодааст. Бубинед кормандони ВКД концлагерхо кушодаанд барои истинток намудани миллати мусалмони худ. Фардо дар назди Худо шУМОЁН золимон чи чавоб медихед. Ба Шумо чи шудаст эй миллати сарбаланд? бубинед дар Россия миллатгароёни рус барои поксозии ватани худ ва барои ихроч кардани дигар миллатхо аз хоки худ чи икдомхое намекунанд. Манзури ман ин хаст,ки ин миллатгароён барои пуштибони аз насли худ ки онхоро хеч кас нафармудааст на Худо ва на пайгамбарашон. Аммо мо бошем факат дар озору азияти мусалмони худ, ки Худову пайгамбарамон нахй фармудааст. Боки адлу инсофро аз Шумоён кормандони кудрати хохонем.

Боз як модари ноком зиёд шуд Боз як талафи чавон дар чумхуризиёд шуд .Боз чавоне чавони накарда меваи умрро ночида рафт.Ки парвои упо дюорад.Имруз мегуему фардо боз хомуш мешавем,боз тло навбати чавони оянда (худо накунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)