Бахшҳо

"Озодагон" ва ҷонибдорону мухолифони Шабнаму Фарзона

Нашри хабари вориди бозор шудани клипи нави хоҳарон -- Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар “Озодагон” корбарони торнамои моро, ки онро хондаанд, ба ду гуруҳи асосӣ тақсим кард. Аммо онҳое низ ҳастанд, ки аз “Озодагон” интиқод кардаанд.

Ин хабар дар як фурсати кӯтоҳ дар қатори матлабҳои серхонандаи торнамои мо барои худ ҷой дуруст кард ва корбарон ҳам зери онро шарҳборон карданд. Мавзӯи аслии баҳси онҳо пӯшиши либосҳои нимбараҳнаи гуруҳе аз раққосон аст, ки дар ин клип мерақсанд. Баъзеҳо одоби баҳсро сарфи назар намуда, ба таҳқиру дашном гузаштанд, аммо масъулини нашри матлабҳои “Озодагон” чунин комментҳоро иҷозаи нашр надоданд.

Ҳоло як чашмандозе ба ин шарҳҳо хоҳем дошт. Тавре болотар ишора рафт, шарҳнависон аслан ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд: онҳое, ки иддао мекунанд, дар ҷомеае, ки мақоми демократиро дорад, ҳар нафар дар интихоби либос озод аст ва онҳое, ки мегӯянд, дар ҷомеае, ки бахши аъзамаш мусалмон аст, набояд нимурёнҳо намоиш дода шаванд. Нахустин шарҳи омада интиқод аз “Озодагон” аст, ки онро корбаре бо номи “Сорбон” навишта: “Хай Озодагон рафта онҳоро дар суд деҳ! Шумо ба либоси онҳо чӣ кор доред охир?” Шояд, ба Сорбон ҷумлаи “...аммо ба назар мерасад, дар баробари ҳаводорон, мунақиддони ин клип ҳам кам нахоҳанд буд. Дар ин клип гурӯҳи духтарон бо либосҳои нимурён рақс мекунанд ва чунин наворҳо дар ҷомеаи суннатии кишвар ҳамеша бо вокунишҳои тезутунд рӯбарӯ мешавад”,-и ин хабар писанд наомадааст. Ва як шарҳнависи дигар низ моро дар паҳн намудани ба қавли ӯ навори фаҳшо муттаҳам кардаву гуфта, мо ҳам дар “гуноҳ”-и Шабнаму Фарзона шарикем.

Нафароне ҳам ба пуштибонӣ аз мо шарҳ коштаанд. Аммо ин ҷо бояд зикр кард, ки ҳадафи хабаргузории мо танҳо пешниҳоди хабар аст ва ҳеч мавқееро пуштибонӣ намекунем. Агар аз ин шарҳ бигзарем, бо комментҳои зиёди мунаққидону тарафдорони клип рӯбарӯ мешавем.

“А” менависад, ки “AЛЛОҲ безор аст аз чунин мусалмонӣ”. Аввалин вокуниши манфӣ дар нисбати ин клипро ҷонибдорони он зуд бо як коммент мусовӣ кардаанд. “Сомон” дар шарҳи худ гуфта: “Ееее Мулоҳо ай паи кори хутон шен кортон чияй? Мон касе да чӣ хеле мефора пуша. Ба шумо боша ами духтарора ҳамаша мекушен меген духтар дар ҷомеаи мо даркор нест”.

“Руслан” мегӯяд: “Озодагон” шумо бо ин мақолаҳоятон якхел "муллоҳо"-и чашмгуруснаи тангфикро аз хоб мехезонед-да”. “А Шабнам басай охи. Бо сар каден”,-навиштааст “Иброҳим”, аммо нагуфта ки чиро дар назар дорад ва ба чӣ ишора мекунад. Корбари дигар ба ин аст, ки “чун ҷои ин ду нафарро дар саҳнаҳои "ҳукуматӣ" танг карданд, бо ин роҳ мехоҳанд гӯянд, ки "Агар маҳдуд ҳам кунед, ҳаводоронамонро аз даст намедиҳем".

“Салим” бошад, ба Фарзона аз “тоату ибодатҳояш” ёдрас кардааст: “Он тоату ибодатҳои дар маҳбас мекардӣ чӣ шуд? Бо Холиқи якто ваъдаҳоят баъди озод шудан ҳамин буд?” Аммо “Алӣ” ба қазияи пурсарусадои соҳибкори маъруф Зайд Саидов ишора кардааст: “Хайрат ин килип аз тарафи Зайд Саидов ба навор набаромадааст агане кормандони Агентии коррупсия боз як делаи нав мекушодан барои вайрон кардани тартиботи миллӣ ё сунатии миллати тоҷик гуфта. Худованд раҳмта хурдай Акаи Зайд”.

“Зафар” бошад, гуфта, ки “ба ҳамааш демократия гунаҳкор”. “Суруш” аз тарафдорони Шабнаму Фарзона ба назар мерасад: “Охир шумоён, ки худ даъвои демократия доред, монед онҳо ҳам озодона фаъолият намоянд. Як кас мегӯяд, ки шумо чӣ кор мекунед? Мо ки ҳоло дар кишвари исломӣ нестем-ку? Дигар ин ки онҳо биҳишт мераванд ё дузах ин кори шумо не. Ин кори Худо. Мисссияи Худоро шумо иҷро накунед. Ба ҷои эрод гирифтан рафта китоб хонед!!!”

“Фирӯз” навишта: “Инҳо боз пеши Ҳоҷӣ Мирзо мераванду дуъо металабанд”.

“Модари тоҷик”: “Ба Шабнаму Фарзона!!! Ба хонандагони ин расона! Рости гап дилам сахт андуҳгин шуд аз хабари клипи нави ин ду санъаткори тоҷик, наход Фарзона ва Шабнам шарм надошта баъди ду моҳ аз даргузаштани падарашон сурудхонӣ ва рақсиданро сар карданд. Куҷост он меҳри фарзандӣ? Ақлу фаросат, нангу номус,муҳаббат ба падару модар, қадрдонӣ нисбаташон... Эй кошки Худованд агар фарзанд атоят намояд танҳо банангу номусдоштаашро... бехтар мебуд агар чунинҳоро насиб нагардонад. Фарзона! Кори нағз накардӣ наход дилат ба падари ғурамаргат насухт ва кайфу сафои ҷавонии худро аз пос доштани хотири падар боло донистӣ... Санъат ин фарҳанг аст, аммо агар дарки он кардан хоҳӣ ақлу фаросат, одаму одамгарӣ, шарму ҳаё дохили онанд ва агар дар ҳақиқат ҳамаи ин шумурдаҳоро санъаткор фаҳмад дар ҳақиқат ҳам санъаткори асил аст...”
“Ростгӯ”: “Аслан ҳамин ду хоҳар хуб медонанд, ки ҳунаре чуз нимурён баромад кардан дигар коре наметавонан ва бо ин роҳ диққати мардуми ба худашон монандро ҷалб мекунанд на овоз доранду на дигараш бо краскаи бисёр рӯи саҳна мебароянд ман бисёр мехостам ки инҳо рафта дар назди Манижа як даҳ сол шогирд мешуданд, аққалан тарзи дуруст хонданро ёд мегирифтанд. Ҳамаи сурудҳои ҳофизони номиро расво кардиян вақте суруди инҳоро мешунавам дилхарош ва бисёр нороҳат мешавам”.

“Сафӣ” танҳо ба гуфтани “шармовар аст” иктифо кардааст.

“Ҳитлер”: “Шабнаму Фарзонаро, ки Худо ҳидоят накунад, касе коре карда наметавонад. Наход ҳамон ҳодисаи бо Фарзона рухдода (аз панҷара мекард нигоҳ, бо ду то чашмони сиёҳ) барояш дарси ибрат нашуда бошад?” Баҳсҳо ҳамоно идома дорад. Муҳаррирон мисли ҳамешагӣ шарҳҳои олудаи таҳқиру тавҳинро иҷозаи нашр намедиҳанд. Зимнан, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки агар мехоҳед шарҳе бинависед, пас, марзи одобу ахлоқро убур накунед.

PS: Имлои комментнависон бе тағйир гузошта шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Сомон
хахахаха Озодагон яктаи да.

34
Хунару овоз дори бе чунбондану танлучкуни хунаратро нишон бидех. Спонсорони Фарзонаву Шабнам афгонхои фосик хастанд, ки консертхои инхоро дар хорич барои афгонхо ташкил мекунанд. Сарояндагони афгон аз баромад бо тани урен худдори мекунанд, чунки ба хар хол тарбияи исломии онхо сахттар аст. Барои хамин сарояндагони и точикро истифода мебаранд, ки инхо аз ягон кор хазар намекунанд.

alijon
ин хама натичаи зиди худои мубориза бурдани хукумат аст. дар кишвари мо чунин озоданд. вой бар холи мусулмонии мо ки фардо пеши Худо чи чавоб мегуем

Э бародаро инхо на хунар доран на овоз хаминора ки тамошо мекунад на савод доранд на ягон суруди маънидор надора факат туйода хофизи кунанд

Саид
Шабнами сурае боши

шохрух
дар давлати Русия карор доштам ва хангоми бахс хамкорони рус, ки клипхои Фарзонаю Шабнамро тамошо карда будад, доимо моро таъна мезаданд, ки наход мусалмонии Шумо хаминхел бошад. Фикр мекунам чунин ашхос танхо бо амалхои худ фарханги точикон, маданияти мо мардуми куханбунёд ва билохир мусалмонии хешро паст мезанад. Бояд фаромуш накунем, ки масале аст, ки мегуянд; "Як гови рих як подпро расво кардааст" ана Фарзонаву Шабнам ва тарафдорони онхо аз чунин кабиланд.

Мухтарам хонаyдаву бинандаи Шабанму Фарзона ва ё дигарон ин хама гавгои ва навиштанихои шумо аз руи бекори аст агар шумо кор медоштед ба дидани шабнаму дигагрхо вакт намаеёфтед аз инхо бехтар ки рафта як мургпарвраи кнуед то тухме ба даст орад ё тичорат ё шиками фарзандон сер мегардад ин бехтар хеч репхон ё сароянда ё хунарманд зиндагии шуморо таъгир намедихад ба чуз мург ки тухм мекунад!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Мехрафруз
"Битарс аз касе,ки натарсад аз Худо". Тарси мо аз он аст, ки касофатии ин урёнхо ба дигарон нарасад.Оё модари шумо рузхои касалиашро фаромуш кард?Агар тавба накунеду ба ин корхои шаръи хотима нагузоред,ба балои бадтарин гирифтор хохед шуд ва ман иншоаллох ба саломи шумо хохам омад барои исбот...

ИНХО ДАР ШОУБИЗНЕСИ ТОЧИКИСТОН МОЛИ СЕРХАРИДОР БА ХИСОБ МЕРАВАНД , ЧУН МАРДУМИ МО ОХИРВАКТО ДЕГРАДАЦИЯ ШУДА ХЕЛЕ БЕСАВОДУ КАМФАРХАНГ ШУД ААНД , ВА НИМУРЕНУ НИМБАРАХНА ШУДА КАМБУДИИ ХУНАРРО КОМПЕНСАТСИЯ МЕКУНАНД ? УРУСО МЕГУН "НИЧЕГО ЛИЧНОГО , ТОЛЬКО БИЗНЕС "! ИН ХАМИН МОЛИ ЛАЪНАТИИ ДЕМОКРАТО ХУДО ТУХМАШОНА КОК КУНАД ХАМИН ХАРИ ДАЧЧОЛАШ ХАМИНХОСТАНД! ИСЛОМ МОРО БА МАСЧИД ДАЪВАТ МЕКУНАД ИНХО БА КОНСЕРТ КУЧО МЕРИ КОРИ ХАР КАС А ХУДАШ !

Dilshod
Said guftani ast: boshi - ya'ne boz ham hamintavr uryontar raqs kuned to mardumro harchi ziyodtar gumroh sozed . Va duxtaroni mo az shumo ibrat girand ))))

давлат
ин корхои шабнаму дигару дигар хости хукуматамон мебошад чаро хохаохрони хичобпушро ба хотири доштани хичоб аз мактабу донишгоху муассисахои давлати меронанд гунахгор гуён аммо нимбарахнаги ин озоди ва хукуки онхо

Сорбон
Шабнам, хама вакт одамхои бузургро танкиду таъриф мекунанд.
Шухрати Леди Гагаю Частин Бибер аз хамин комментхои танкидкунанда баланд шуданд! Так что, Ба пеш, ба озоди!

Нанг
*Озодагон* аз озодахо сухан бигу.Ин минбари саргинон нест.

Ozodagon az pasha Phil nasoz oxir.,. Ba kase korash naboshan Shabnam I Farzona chi mepusha. San'ati popi tojikro pesh burdasr shabnam. Ba umedi Shumo muloho boshem fakat Axbor tamosho mekunem bajoi music. Man nefaxma chi xak dorad Ozodagon az onxo tankid kardan ??? Mo dar NY zindagii mekunem Vakte ki Shabnam dar NY sohibi joiIza shud Bovar kuned mieni Xama xonandagon as Xama nagz baada kard va az Xama nagz bauxlison maxkul shud na Andy na Shaxzoda na Jonibeck ba misli Shabnam az tarafi mixers on poderzhka naddidand .... Ba in mulohoi mo boshad fakat Amri maruf .... v Pered Shabnam Mi tebya luubim I tvoi pesni ...Bexamtoi Shabnamjon

s
shabnam va farzona bo in kliphoi navashon obru tojikon rezondan chunki tojikon dar dune boodobtarin xalk hisob meshavad. in kliphoyashon farzandoni javoni tojikro pasirodavu beodob va fisku firoda mebarad

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)