Бахшҳо
10 дек 2013 11:36Тоҷикистон / Сиёсат

Сафир дар бораи бозгашти русҳо ба марз ва пойгоҳи 201

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ки айни ҳол барои иштирок дар иҷлоси сафирони рус дар Тошканд қарор дорад, вазъияти Афғонистон баъд аз 2014-ро бисёр нигаронкунанда хондааст.

Ин дипломати рус дар як суҳбати ихтисосӣ бо нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, агар чанд моҳи пеш вазъияти Афғонистон баъд аз соли 2014 каме муътадил ва таҳдиде барои Тоҷикистон пешбинӣ намешуд, вале ҳоло пешгӯиҳо тамоман манфӣ арзёбӣ мешаванд.

Ба қавли сафири Русия дар Тоҷикистон, эҳтимоли боқӣ мондани ҳукумати феълии Афғонистон бо ҳимояти Амрико ва НАТО дар Кобул ва бархе аз вилоятҳои ин кишвар вуҷуд дорад: “Вале инҷо пешбинии ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар низ ҳаст, ки ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад буд.”

Фролов дар дар мавриди хабарҳо оид ба бозгашти низомиёни рус ба сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон гуфтааст, ин масъала ҳанӯз дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ нашудааст. “Чун ҳоло марзбонони Тоҷикистон, ки шумораашон ба ҳудуди 16 ҳазор мерасад, хуб омода ва муҷаҳҳаз мебошанд. Аксари ин афсарони тоҷик таҳсилдидаи омузишгоҳҳои махсуси Русия мебошанд.”- афзудааст Флоров/

Дипломати рус мегӯяд, тибқи шартномаи ба имзо расида миёни мақомоти Маскаву Душанбе оид ба будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, аз ин пойгоҳ дар сурати ҳаргуна таҳдиде ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои дигари узви СПАД истифода хоҳад шуд. Албатта дар ин бора низ мувофиқати раҳбарияти Тоҷикистон низ пураҳамият аст ва бояд гуфт, ки дар сурати бад шудани вазъият дар Афғонистон аҳамияти пойгоҳи низомии 201боло хоҳад рафт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)