Зоиров: "Пушаймон нестам, ки Зайдро ба Душанбе хондам"
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, дар вақташ аз он ки Зайд Саидовро барои бозгашт ба Душанбе моил карда буд, пушаймон нест. Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, моҳи майи соли ҷорӣ дар Фаронса қарор дошт ва ҳангоми бозгашт дар фурудгоҳ боздошт шуда, то кунун дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад.
Зоиров мегӯяд, “агар Зайд Саидов аз Фаронса барнамегашт, боз чандин ҷиноятҳои дигарро ба сари ӯ бор мекарданд. Дигар камбудҳое, ки дар сохтмонҳо мешуд, гуноҳи ӯ медонистанд.” Раиси ҲСДТ афзуд, ба ҳукми одилонаи додгоҳ нисбат ба Зайд Саидов бовар надорад, чун ба гуфтаи ӯ, дар ҳар парвандае, ки махсус оғоз мешаваду ангезаи сиёсӣ дорад, ҳеч гоҳ судури ҳукми одилона имкон надорад: “Агар имрӯз Зайд Саидов озод мешуд, аз нигоҳи қонун ҳуқуқ ба ҷуброн дорад, ки ҳаҷмаш метавонад то ба миллионҳо бирасад.”
Маъракаи густурдаи мақомот алайҳи Зайд Саидов моҳи май, замоне ки ӯ бо гуруҳи теннисбозон дар Аврупо қарор дошт, оғоз гардид. Зоиров он замон оҷилан оғоз шудани парвандаҳои ҷиноятиро алайҳи Зайд Саидов нишонаи супоришӣ ва беъмаъсулиятона будани хокимияти давлатӣ гуфта, дар мавриди бозгаштан ё нагаштани Зайд Саидов ба Ватан таъкид карда буд, “ҳар як шахси масъул, аз ҷумла Зайд Саидов дар ҳолатҳои душвору истисноӣ бояд мустақилона қарори худро қабул намояд, аз ҷумла, дар масъалаи бозгаштан ба ватан, ё на. Ман чунин меҳисобам, ки ҷойи Зайд Саидов ҳамин рӯз ва ҳамин соат дар шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи "проблемаҳои" сунъии ба миёномада аст.”
Ӯ гуфта буд, агар Зайд Саидов боздошт шавад, он ғайримантиқӣ ва зулм буда, бар зидди худи ҳокимияти давлатии имрӯза хоҳад буд. Зайд Саидов баъд аз бозгашташ 19 май дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда буд ва айни ҳол баҳси додгоҳии парвандаҳояш ба марҳилаи ниҳоӣ расида, интизор меравад, 10 декабр сухани ниҳоии ӯ дар додгоҳ шунида шавад.
Мақомот ӯро дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешуморанд. Мурофиаи ӯ моҳи сентябр паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ шурӯъ шуда, интизор меравад, баъд аз сухани ниҳоии ӯ ва ҳукми додрас ба анҷом бирасад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |