Бахшҳо
10 дек 2013 09:28Тоҷикистон / Акс

Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)

Новобаста аз он ки эҳтимоли афтидани қисматҳои девору сақф дар мактаби рақами 12-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ҳар лаҳза таҳдид дорад, он то ҳол аз одам холӣ нест.

Мактаби мазкур дар яке аз рустоҳои ин ноҳия ҷойгир буда, шумораи толибилмону омӯзгорон ва кормандони техникие, ки ҳамарӯза даруни он равуо доранд, ба 690 нафар дакка мехӯрад. Дар ҳамин ҳол, масъулини шуъбаи маорифи ноҳия ба ин боваранд, ки масъалаи мазкур пас аз ифтитоҳи мактаби наве, ки сохтмонаш чанд сол боз дуртар аз мактаби 12 идома дорад, ҳалли мусбати худро хоҳад ёфт.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то ба истифода супурдани он намешавад ҳамин мактаби кӯҳнаро барои саломатӣ бехавф гардонд? Зимнан, бо оне ки фанерҳои сақфи коридор бинобар муддати тӯлонӣ иваз нагаштан кандаву овезон, деворҳо ҷо-ҷо рехта, тахтаҳои фарш ларзонак, устохонаи таълимӣ, толори варзишӣ ва китобхона бо дару тирезаҳои баркандаю фарши номақбул ҳастанд, ҳукумати ноҳияи Бохтар дар соли 2013 барои таъмири он ҳамагӣ 8 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст.

Вале ба қавли ходимони Раёсати молияи ноҳияи Бохтар, барои таъмири мактабҳо дар соли 2013 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ гӯиё 100 дарсад иҷро гардида будааст. Пас, сабаби дар чунин ҳоли табоҳ қарор доштани мактаби рақами 12, ки ҳанӯз ҷонҳои зиндаро дар дохил дорад, дар чист? Дар тақсими нобаробари маблағҳо, кам ҷудо гаштани он ва ё дигар? Посухи инро аз маъмурони Вазоратҳои маорифу илм ва молияи кишвар интизорем.


Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)

Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)

Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)

Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)

Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)

Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)

Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)

Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)

Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)

Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)


Муҳибуддини СОБИР,
“Озодагон”

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)