Бахшҳо

Додари Маҳмадрӯзӣ Искандаров: "Ӯ дар зиндон аст, аммо ақидаҳояш озоданд"

Наздикони Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва мудири собиқи “Тоҷикгаз”, мегӯянд, бо гузашти 8 сол аз замони зиндонӣ шудани ӯ ҳанӯз барои озодияш талош доранд. Темур Тошев, додари Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва раҳбари пешини дастгоҳи Ҳизби демократ, дар як тамос бо “Озодагон” гуфт, “то ҳол талош дорем, бегуноҳияш исбот шаваду аз кунҷи зиндон раҳо гардад. Додгоҳи Тоҷикистон, дарвоқеъ, ӯро ноҳаққона зиндонӣ кард.”

Вай мегӯяд, бовар доранд, боздошти мармузи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Русия ва зиндонӣ кардани ӯ дар Тоҷикистон аз аввал то ба охир қазияи сиёсӣ буд, на иқтисодӣ: “Баъд аз ӯ чандин нафар раҳбари “Тоҷикгаз” шуд. Қарзи ин корхона зиёдтар гардиду камтар не. Вале касе дар маҳбас нест. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки боздошту зиндонӣ кардани ӯ ҷанбаи сиёсӣ дошт. Чаро ҳатто баъд аз ду соле, ки аз раҳбарӣ канор рафта буд, ягон додгоҳ ӯро даъват накард?!”

Темур Тошев мегӯяд, ҳарчанд бародари ӯ дар зиндон асту рӯзгори ширинашро паси панҷара мегузаронад, аммо ақидаҳои сиёсии ӯ дар озодиянд: “Бародарам дар охирин суханронияш дар додгоҳ гуфта буд, маро зиндонӣ мекунед, вале баъдтар чандин Искандаровҳои ҷавон пайдо мешаванд. Вақтҳои охир мебинам, ки дар Интернет ҷавонҳо дар дохили кишвар ва берун аз он фаъол шудаву баъзеяшон босаводона мубоҳисаҳои сиёсӣ мекунанд. Он гуфтаҳои бародарам ба ёдам меоянд ва фикр мекунам, ғалат нагуфтааст.”

Додари Маҳмадрӯзӣ Искандаров: "Ӯ дар зиндон аст, аммо ақидаҳояш озоданд"Додари Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки дар ҳоли ҳозир берун аз Тоҷикистон қарор дорад, гуфт, бо хонаводааш тамоси телефонӣ дорад ва аз онҳо пайваста дар бораи вазъи бародараш мепурсад. “Аҳволаш хуб аст. Саломатиаш хуб аст. Ман аз сабаби он ки дар ғарибӣ ҳастам, бо хешу табор телефонӣ сӯҳбат мекунаму аз аҳволи ӯ ҳам мепурсам”,-гуфт ӯ. Дар бораи он ки хонаводаи Искандаровро кӣ нигоҳубин мекунад ва рӯзгорашонро кӣ пеш мебарад, вай чунин посух дод: “Фарзанди хурдиаш дар Тоҷикистон аст ва аз роҳи тиҷорат аробаи зиндагиро мекашад.”

Маҳмадрӯзӣ Искандаров 9 декабри соли 2004 бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз сӯи идораҳои амниятии Русия боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо шуд. Аммо баъд аз чанд рӯз ӯ дубора ба таври асроромез нопадид шуд ва додситонии кулли Тоҷикистон баъдан дар бораи боздошт шудани ӯ дар Душанбе хабар дод. Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандаровро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла тасарруфи маблағҳои давлатӣ, фаъолиятҳои терорристӣ ва таъсиси гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ гунаҳкор дониста, барои 23 сол равонаи зиндон кард.

Соли 2010 Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо боздошти раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Русия ва интиқоли ӯ ба Душанберо ғайриқонунӣ дониста, Маскавро 30 000 евро ҷарима баст. Темур Тошев мегӯяд, то ҳозир Русия ин маблағро пардохт накардааст. “Аслан мо ба ягон маблағ эҳтиёҷ надорем. Фақат мехоҳем, фарзанди падарамон дар озодӣ ва дар канори хонаводааш бошад. Дар паҳлӯямон набудани ӯро сахт эҳсос мекунем. Чаро ки ӯ натанҳо бародари мо, балки роҳбари мо буд”,-таъкид дошт ӯ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ман дар тааҷҷубам,ки дар Тоҷикистон,ҳар киро ки чеҳраи ориёӣ ва хуни тоҷикӣ дорад ва беномус нест,азият мекунанд ва ба зиндонаш меронанд:Муҳаммадрӯзӣ Искандаров,Ёқуб Салимов...ҳол ба назар чунин мерасад,ки навбати Зайд Сайидов апст..Куҷо равем?!

Мозёри Мозандаронӣ,
Мирзоев!!!! Ки ориёи??? Искандаруф??? о и я узбакай (Падараш Узбак будаги хешу табораш дар Узбакистон хаст мерафт ба дидори хешонаш) агар дар бори ин котил ва дастаи килеронаш донистан хохи ин кисаро хон!!
Искандаров зодаи нохияи Точикобод фармондехи минтакаи Точикобод аз чониби мухолифини он вактаи Точик.. Бо фармони ин разил бисёр сокинони ин минтака ба катл расонда шудаанд .. Духтарони мактабхонро барои он ки ба мак таб рафтан ба дор овехтан.(7-нафар кудаки синфи 9-ум 10ум) Занора куштан Муйсафедхоро куштан Кор гарони хукуматиро дар хонахояшон дар назди фарзандонашон куштан!(Ба монанди раиси Точикматлуботи н.Точикобод Абдусаллом Фатохов шодравон) Кормандони хукамтро барои он ки ба онхо участкаи назди хавлиги надоданд сарашро аз танаш чудо кардан (Султонов Саидихсон шодравон раиси хочаги).Раиси нохияи точикободро дар вакти адои вазифааш куштан (шодравон Махмуд Идиев) Чупонони мастчохиро гусфандонашро дуздида чупононро куштан!!! Ва ба ин бародари Искандаруф гуфтаниям ки дар суд худи Искандаров куштори чойнишини милицияи Точикободро Мухабатов Идибекро шод равонро ба душ гирифт ва шохидони ин вокехахам дар суд иштирок доштан Искандаров Темур Ту як шайтон мисли бародарати. О ту худат дар суд ин суханонро шунида будику аз дахони шохидон!! . Оё хамин бародари ту ин кадар чизро аз кучо пайдо кард хамаи иншотхоро дар нохияи Точикобод аз худ кард. Нуктаи фуруши газ калонтарин дар душанбе.Собик сафхози мохи парвари ки худи Ту дар ончо кор мекарди. Инкадар заминои корам? Корхонаи истесоли мебел.. Корхонаи нигохдории гази моеъ калонтарин дар Душанбе Корхонаи нигахдории гази моеъ калонтарин дар Сугд ки бародари дигарат дар ончо кор мекард???. Ин кадар хонахое сексияву хавли ки айнихол хамаашро ичора месупоред ино аз кучо пайдо шуд???? Тарабхона дар шохрохи джиргатол? Хонаи истикомати дар Маскав? Ферма ва заминхои корам дар Астрахан?? ?Пас бо гуфтаи ту парвандаи бародарат иктисоди нею балки сиёси будаст!!!!? Оё аз бобои кафш дузат мерос ба шумо ва бародаронат мондабуд????? Темур ту худат то чангхои шахрванди чикора буди?? Дар видео салонхо пул чам мекарди ё не?? Бад гурехта ба Русия рафтаи ва вакте фахмидики бародари разилат бо дастаи котилонаш хамаро дар нохия Точикобод кушта ва хамаро аз худ кардаст баргашти.. Ва аз чизхои дуздидаи акат хубам истифода бурди ва ай нихол диди ки акаат ба махкама рафт боз гурехта рафти.. Агар ман дар бораи ин разил Искандаров хамаи чизи медонистаамро нависам як китоб мешавад. Мухтарам Озодагон аз шумо хохиш дорам ки ин навиштаи нопураи маро хатман чоп кунед чунки ман мехохам мардуми Точик ба фитнаи чунин разилон гирифтор нашаванд ...Мозёри Мозандаронӣ,
Мозёри Мозандаронӣ,

Рахмат ба Озодагон ки ин навиштаи маро чоп кардед.. Мухтарам хонандагони Озодагон ба суханони Темур Тошев яъне бародар хурдии Искандаруф гуш ва ахамият надихед чун як замон мугуфтаст ки ба вай пешниход дорандки призиденти Точикисто шавад... То чангхои шахрванди фомил ва номи Искадаров Мухамадрузи ТОШЕВ РУЗИ буд... ва бади сарсонихо шахрванди у бахуд фомилу номи нав интихоб кард Яъне МУХАМАДРУЗИ ИСКАНДАРОВ шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)