Нимурёниҳо дар клипи нави Шабнаму Фарзона (ВИДЕО)
“Ёрам”, як клипи тозаи хоҳарон Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, ахиран дар шабакаи Интернет бо суръат сербинанда мешавад.
Ин клип ҳамчунин дар нуқтаҳои дискфурӯшӣ низ аз серхаридорҳо будааст. Ба иттилои як манбаъ, клипи мазкур дар яке аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон таҳия шудааст. Аммо ба назар мерасад, дар баробари ҳаводорон, мунақиддони ин клип ҳам кам нахоҳанд буд. Дар ин клип гурӯҳи духтарон бо либосҳои нимурён рақс мекунанд ва чунин наворҳо дар ҷомеаи суннатии кишвар ҳамеша бо вокунишҳои тезутунд рӯбарӯ мешавад.
Шабнам ва Фарзона духтарони Сурайё Қосимова, сарояндаи маъруфи тоҷиканд. Баъди аз маҳбас раҳо шудани Фарзона, ки бо иттиҳоми кумак ба фирори дӯстписараш наздики ду сол онҷо буд, ӯ ва Шабнам чандин таронаи муштарак иҷро кардаанд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |