Маслиҳатҳо барои ороиши арча дар Тоҷикистон
Хадамоти давлатии оташнишонии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар маслиҳат медиҳад, ки зимни таҷлили Соли нави мелодӣ, аз ҷумла ороиши арчаи солинавӣ эҳтиёткор бошанд.
Ин ниҳод бо пахши як иттилоия мегӯяд, арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад: «Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифт нарасанд ва аз девор на кам аз як метр дур истад. Дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомўшкунакҳои коршоям ва кампали пашмин нигоҳ дошта шавад».
Инчунин ин ниҳод мегӯяд, дар ҳолати набудани оташхомўшкунак аз 50 то 100 литр об бояд захира карда шавад ва дар муассисаҳои таълимие, ки қувваи барқ аз рўи меъёр дода мешавад, иди арчаро бояд фақат рӯзона таҷлил намоянд.
Масъулини Хадамоти оташнишонӣ тавсия медиҳанд, ки арчаро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда оро додан, бо шамъ гирён кардан манъ буда, атрофи поя ва шохчаҳои онро бо пахтаи ба моеи зиддисӯхтор коркарднашуда печонидан ва ба он бозичаҳои пахтагин овехтан мумкин нест.
Соли нав дар Тоҷикистон ҳамасола 1-уми январ таҷлил мегардад ва имсол ҳам дар шаҳри Душанбе бо дастури раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев омодагиҳо ба ин ҷашн оғоз шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |