Бахшҳо

Се бозии тими «Истиқлол» мавқуф гузошта шуд, «Равшан» ҳамоно дар майдони бегона бозӣ хоҳад кард

Футболбозони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар 3 даври бозиҳои лигаи олии ҷумҳурӣ миёни дастаҳои футболи ҳунарнамоӣ  намекунад.


Тавре Алӣ Шариф, роҳбари дафтари матбуоти федератсияи футбол ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, 6-уми августи соли ҷорӣ даври 23-юми чемпионати лигаи олии мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешавад. Мувофиқи нақшаи тақвимии федератсияи футболи Тоҷикистон бояд тими «Истиқлол» рӯзи 6-ум бо дастаи «Шодмон», рўзи 10-ум «Энергетик» ва рўзи 13-ум бо «Регар ТадАз» қувваозмоӣ мекард. Бо қарори кумитаи ФФТ ин се бозӣ мавқуф гузошта шуд  ва баъд аз анҷоми марҳилаи тайёрии дастаи «Истиқлол» ин вохуриҳо доир мегарданд. Гуфта мешавад, дар даври 23-юми чемпионати мамлакат ҳамчунин вохӯрии дастаҳои «Хуҷанд» ва «Парвоз» низ мавқуф гузошта мешавад. Тими «Равшан», ки бинобар сабаби хархашаҳои моҳи июн, 5 вохӯриро дар майдони худ гузаронда наметавонад, ин дафъа бо тими «Вахш» дар шаҳри Норак бозӣ хоҳад кард. Тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бошад, дастаи «ССКА Помир»-ро дар майдони худ қабул менамояд,    «Регар ТадАз» бо «Энергетик»-и Душанбе қувваозмоӣ мекунад. Дар ин давр аз рўи нишондод дастаи «Гвардия»-и шаҳри Душанбе озод аст.   

Зимнан, дастаи «Истиқлол» аз 18 бозӣ бо 46 имтиёз дар мақоми аввали ҷадвали сабқат қарор дорад, «Равшан»-и Кӯлоб як бозӣ зиёдтар карда, 44 хол ба даст овардааст. Тими «Регар ТадАз» аз 19 бозӣ 42 имтиёз дошта, ҷойи сеюмро ишғол кардааст.  

Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо сабаби иштирок карданаш дар даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар се даври навбатии лигаи олии кишвар ширкат намекунад.  Бино ба қавли Алӣ Шариф, «Истиқлол»марҳилаи тайёриро ҷиҳати ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ  дар шаҳри Қайроқум баргузор менамояд. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)