Умеду ноумедиҳои ҳамсари собиқ ва писари Зайд Саидов

Фирӯза Юнусова, ҳамсари собиқи Зайд Саидов, рӯзи 6 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, талаби 28 сол зиндон барои падари фарзандҳояш онҳоро дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор додааст.
Ӯ мегӯяд, ҳеч бовар надоштанд, ки то ин ҳад ҷазои вазнинро барои Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари Тоҷикистони нав пешбинӣ мекунанд. “Мо то ҳол ба худ наомадаем. Чӣ хел вақте як инсон ҳамчун соҳибкори муваффақ муаррифӣ мешавад, хидматҳои зиёд мекунад, ба ин гуна ҷазоҳо айбдор мекунанд. Инсоне, ки дасташ ба ҳама мерасид. Охир, Зайд Шерович ягон авбош ё бо маводи мухаддир машғул набуд. Як инсони комилан равшанфикр ва аз адабиёту аҳли адаб бохабар буд. Шахси хеле раҳмдил, ки ба обод кардани кишвар кӯшиш мекард. Аммо дар охир омаданд, ин шахсро ба гунае муаррифӣ карданд, ки гӯиё як ҷинояткор бошад. Ҳеч кас андеша ва ё ҷинояткории Зайд Саидовро қабул намекунад”,-афзуд Юнусова.
Мусоҳиби мо дар ҳоли сӯҳбат гиря мекарду мегуфт, қабул кардани ин хабар дар рӯзи зодрӯзи писараш барояш дардовар буд: “Дирӯз (5 декабр) зодрӯзи писарам Ҳумоюн буд. Бе ин ҳам давоми чанд моҳи охир мо рӯҳияи хуб надорем. Боз ин хабар дирӯз моро хеле нигарон кард. Ин вазнин аст. Чунки рӯзи 22 май, вақте Зайд Саидовро ба зиндон равон карданд, он рӯз зодрӯзи худам буд.”
Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Саидов, писари бузурги Зайд Саидов, талаби айбдоркунандаи давлатиро “як амали бераҳмона, беадолатона ва беинсофона” арзёбӣ намуд. Оқои Саидов гуфт, дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат дошт ва ҳеч фикр ҳам намекард, ки то ба ин дараҷа ҷазои бараҳмона талаб мекунанд. “Медидам, ки раванди баррасии парванда чӣ гуна аст. Тамоми он моддаҳое, ки нисбат ба падари ман буд, як–як аз тарафи вакилони дифоъ бо далелҳои қотеъона рад карда шуданд. Ҷойи таассуф аст, ки он тамоми шоҳидони моро ҳамчун шахсони холис дар парванда пурсуҷӯ намекарданд”,-изҳор дошт Хайрулло Саидов.
Номбурда гуфт, “мутаассифона, дар ҷомеаи мо низом чунон шакл гирифтааст, ки дигар мардум айбдоркунандаи давлатиро ҳамчун “сиёҳкунанда” қабул мекунанд. Гузашта аз ин, барои айбдоркунандаҳои давлатӣ ҳам чунон шудааст, ки парвандаро вақте боз мекунанд, маҷбур ҳастанд, то ба охир бо ҳамон роҳ бираванд. Гӯиё иттиҳоми пешниҳодшудаашон рад карда шавад, беобрӯ мешаванд.”
Бо ин ҳама, Хайрулло Саидов ва Фирӯза Юнусова мегӯянд, умед доранд, додгоҳ нисбат ба қазияи Зайд Саидов қарори одилона хоҳад баровард. Хайрулло Саидов бо ишора ба ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ва далелҳое, ки вакилони падараш дар даст доштанду доранд, гуфт, умед дорад Зайд Саидов аз толори додгоҳ озод карда мешавад.Талаби 28 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд СаидовМоро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |