Додгоҳ баррасии истирдоди Аблязовро дубора ба таъхир андохт

Додгоҳи Фаронса санаи баррасии истирдоди Мухтор Аблязов ба Украинаро дубора то рӯзи 12 декабр ба таъхир андохт. Аблязов, яке аз собиқ бонкдорони фаъол ва мухолифи аршади Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ба шумор меравад.
Ин дар ҳолест, ки қарор буд, масъалаи истирдоди Аблязов ибтидои моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор шавад. Вале он ба рӯзи 12 декабр дигарбора ба таъвиқ афтода, масъулини додгоҳ сабаби ин иқдомро дар таъхири ироаи асноди лозима аз сӯи мақомоти Украина унвон мекунанд.
Мухтор Аблязов, бонкдор ва мухолифи аршади Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон рӯзи 31-уми июл дар ҷануби Фаронса аз тарафи мақомоти пулиси ин кишвар боздошт гардида буд. Мухтор Аблязов дар Қазоқистон ба тақаллубкории иқтисодӣ ба ҳаҷми 5 миллиард доллар муттаҳам дониста мешавад.
Додгоҳи олии Лондон феврали соли 2012 Аблязовро ҳукм ба 22 моҳи ҳабси пешакӣ карда, ҳанӯз ҳукми ниҳоии ӯ хонда нашудааст. Ин дар ҳолест, ки худи мухолифи қазоқ иттиҳомот алайҳи худро рад намуда, онҳоро ангезаҳои сиёсӣ медонад. Дар ҳоли ҳозир барои истирдоди Аблязов се кишвар, Қазоқистон, Русия ва Украина талош дорад, дар мавриди бозпас овардани ӯ ба ду кишвари аввалӣ бархе маҳдудиятҳо вуҷуд дорад, аз ин рӯ, масъалаи супоридани мухолифи аршади Назарбоев ба давлати сеюмӣ мавриди баррасист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |