Раиси нави вилояти Суғд гуфт, парчами 75-метрӣ месозанд

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси нави вилояти Суғд, рӯзи шашуми декабр бо панҷоҳ хабарнигори расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ сӯҳбати рӯбарӯ анҷом дод.
Ӯ дар мулоқоташ аз хабарнигорон хост, боинсофона рафтор карда, ҳангоми таҳлилу баррасӣ ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Оқои Қодирӣ инчунин ба масъалаи фасоду воҳидҳои кишоварзӣ, муҳоҷират ва бунёди корхонаҳои саноатӣ дахл карда гуфт, ҳадафи онҳо идомаи бунёдкориҳост.
Абдураҳмон Қодирӣ дар сӯҳбаташ бо хабарнигорон аз сохтмони сутуни 75-метрии парчами Тоҷикистон дар Хуҷанд хабар дод. Ӯ гуфт, ин сутуни парчам дар канори Боғи Рӯдакӣ бунёд хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки дар маркази Душанбе сутуни 165-метрии парчами миллӣ бунёд ёфта, моҳи августи соли 2011 ба китоби рекордҳои Гиннес низ шомил шуда буд. Ин сутуни парчами миллӣ дар канори Кохи Миллат бунёд шудааст.
Оғози сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2010 сар шуда, онро кормандони ширкатҳои ватании “Алюминбинокор” ва амрикоии "Trident Support" сохтанд. Сутуни мазкур аслан аз оҳан сохта шуд, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |